ТАЪТИЛ БЕҲТАР Ё ТАҲСИЛ?

Ҳамасола толибилмони муассисаҳои таҳсилотӣ дар давраи таътилҳои зимистона, баҳорона ва тобистона фориғ аз дарсҳо ба машғулиятҳои гуногун машғул шуда, таътилро хуш мегузаронанд. Бо суоли таътили зимистонаи Шумо чӣ гуна паси сар шуд? Давоми таътил бо кадом корҳо машғул будед? Таътил беҳтар ё таҳсил ва дигар суолҳо посух гирифтем аз намояндагони табақаҳои гуногун ва муҳассилин, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Муқаддам Ҳошимзода – директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров:

‐Баъди ба нашр расидану тақдими ҳар оилаи кишвар намудани китоби пурарзиши «Тоҷикон»‐и аллома Бобоҷон Ғафуров ҳам шумори мутолиакунандагони ин асари таърихӣ зиёд шуду ҳам теъдоди нафароне, ки ба осорхонаи аллома ташриф оварда, аз рӯзгору фаъолияти Бобоҷон Ғафуров аз наздик шинос шудан, афзуд. Вобаста ба ин Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифт, ки барои ҳаматарафа омӯхтану гирд овардани маводи зарурӣ оид ба зиндагиномаи аллома ва вазъи дар оилаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтани асари безаволи «Тоҷикон» ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ ва илмию оммавиро ба роҳ монд.

Дар ин раванд дар байни омӯзгорони фанни таърихи шаҳру навоҳӣ озмуни ғафуровшиносӣ дар навиштани рефератҳо ва рисолаю гузоришҳои илмӣ, пайдо кардани маълумотҳои тоза аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии академик Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ гузаронидани озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Китоби «Тоҷикон» ҳамдами доимии оилаи мо» ба роҳ монда шуда, он давоми таътили зимистонаи муассисаҳои таҳсилотӣ баргузор мегардад. Умед дорем, ки навоварону эҷодкорон ва ғафуровшиносони насли навин аз мероси гаронбаҳои гузаштагонамон бохабар ва дар роҳи расидан ба мақсаду орзуҳояшон аз некгуфтаҳои Бобоҷон Ғафуров барои худ бардоште менамоянд.

Сабрина Ашӯрова – хонандаи синфи 8‐уми Литсейи № 3‐юми деҳаи Ворухи шаҳри Исфара:

‐Ман иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошам. Дар номинатсияи эҷоди назму наср, бахши наср бо пешниҳои 8 ҳикоя, 1 повест, 2 драма ва 2 эссе навиштаҳоямро пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардондам. Бештар асарҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро меписандам ва ба ин хотир повести эҷодкардаам дар пайравии «Одина» и ин нависандаи бузург рӯи коғаз омадааст. Повест «Орзуи Зебо» ном дошта, дар бораи зиндагиномаи духтараки деҳотие нақл мекунад, ки аз ҷабри падарандар ва маҷбурияти модар наметавонад, таҳсилро дар мактаб то охир идома бахшад. Аъзои ҳакамон махсусан ба он воқеа ва рӯзгоре, ки Зебои наврасро дар синни чаҳордаҳсолагӣ ба шавҳар медиҳанду духтаракро аз бархурдории зиндагии шоиста маҳрум менамоянд, таваҷҷуҳ карданд.

Хушбахтона, ман фарҷоми повестро бо воқеоти бо ҷурми дуздӣ ба даст афтодану ҳабси шавҳар ва фирори Зебо аз хонаи шавҳар, бо ёрии хешовандон ба донишгоҳ дохил шудану ба орзуяш расидани ҷавонзан тасвир кардаам, ки писанди ҳамагон гардид. Баҳои ҳакамон, эроду маслиҳатҳои онҳоро қабул медорам ва кӯшиши дар оянда ислоҳи онҳоро дорам. Барои ин мутолиаи пайвастаам давоми таътили зимистона ва минбаъд маро ба қуллаи мақсуд хоҳад расонд. Зиёда аз ин машқи шеър менамоям ва навиштаҳоям дар рӯзномаҳои «Насими Исфара» ва «Хазинаи маърифат» рӯи чопро дидаанд. Барои ихлосмандони рӯзнома намунае аз шеърҳоямро манзур менамоям.

Фахри давронам ‐Душанбе,

Шаҳри паймонам ‐Душанбе.

Пояи даврони тоҷик

Дар дилам, ҷонам ‐Душанбе

Муқаддас Мирзобекова – хонандаи синфи 11‐уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48‐уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

‐Иштирокчӣ ва ғолиби олимпиадаи даври ноҳиявӣ аз фанни забони давлатӣ ҳастам. Дар қатори панҷгонаи беҳтарини ноҳия алҳол ба даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ омодагии ҷиддӣ дорам. Кӯшиш менамоям, ки бо аз худ кардани барномаи таълимӣ байни ҳамсолон пешсаф гардам. Гумон мекунам, агар кас кӯшишу ғайрати беандоза дошта бошаду нисбат ба фанни дӯстдоштааш таваҷҷуҳ зоҳир намояд, навиштани нақли хаттӣ, донистани вожаҳои зиёд, кор кардани саволномаҳои тестӣ барояш он қадар душвор нахоҳад буд. Барои ин пайваста дар мутолиа буда, луғати бисёр аз худ менамоям. Гумон мекунам, ки ҳам давраи таҳсил ва ҳам таътил барои ҳар яки мо зарур аст.

Агар давоми таҳсил мо аз омӯзгорони соҳибтаҷриба барои аз худ кардани барномаи таълимӣ кӯмак хоҳем, дар давраи таътил устодон бароямон вақти бештареро барои омӯзонидани корҳои хаттӣ, аз қабили нақлу эссе ва иншо сарф хоҳанд кард. Чӣ гуна гузаронидани давраҳои таътилу таҳсил бошад, ба худи ҳар як шахс вобаста аст.

Падару модарам маро он гуна тарбия додаанд, ки вақти пурқиматамро беҳуда сарф накунам. Ҳамарӯза барои ману ҳамсолонам рақами 86400 дода мешавад. Агар яке онро мукофоти пулӣ ҳисобад, дигаре тамоман сарфаҳми ин адад намеравад. Аммо ин рақам барои ман муқаддас аст, зеро он вақт буда, мумкин аст, фардо бароямон муяссар нашавад. Аз ҳамсолонам хоҳиш мекунам, ки ба қадри ҳар сония бирасанд, ба корҳои беҳуда машғул нашуда, бештар китоби бадеӣ хонанд ва ё бо варзиш машғул шаванд.

Мусоҳиб

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh