СИФАТИ ТАЪЛИМ - АЗ САМТҲОИ МУҲИМ
- Details
- Published on Wednesday, 01 February 2023 09:05
Ба маҳфили навбатии “Меҳмонсаро” ‐и маҷаллаи “Паёми Суғд” директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ, Алимат Мавлонзода даъват шуд. Ҳадаф аз суҳбат бо фаъолияти яке аз аввалин коллеҷҳои тиббӣ дар вилоят, ки ҳанӯз солҳои 30 – юми асри гузашта бунёд шуда буд, шиносоӣ ёфтан мебошад. Меҳмони маҳфил – сарвари коллеҷи мазкур зимни суҳбат, ки дар он қаламкашони маҷалла ширкат доштанд, перомуни масъалаҳои таълиму тарбияи мутахассисони тиб, имконияту шароитҳои нави коллеҷ ва роҳу усули баланд бардоштани сифати таълим ҳарф зад.
Ба иттилои сарвар, имрӯз дар коллеҷи мазкур беш аз 4367 нафар донишҷӯ таҳсил дошта, 236 омӯзгор таълим медиҳанд, ки аз ин ҳисоб 189 нафари онҳо бонувонанд. Феълан дар коллеҷ 2 бинои таълимӣ, 40 синфхонаи таълимӣ мавҷуд буда, аз лиҳози ҷойи нишаст камбудӣ нест. Ин даргоҳи илм то ба имрӯз беш аз 35 ҳазору 160 нафар мутахассиси соҳаи тибро ба хидмати халқ равона кардааст.
‐Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ аз соли 2018 – ум инҷониб низоми таълими кредитӣ ҷорӣ аст. Таълим аз рӯи барномаи ягонаи таълимӣ буда, устодон дар раванди дарсҳо аз методҳои инноватсионӣ истифода мебаранд. Ҳар гурӯҳ журнали электронӣ дорад, ки иштироки устоду донишҷӯ дар он қайд мешавад. Ҳар донишҷӯ дар имтиҳон озод аст. Пеш аз воридшавӣ ба имтиҳон изи ангушти ҳар донишҷӯ гирифта мешавад, яъне раванди имтиҳонсупорӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Аслан, мувофиқи низоми таълимӣ имтиҳонҳо бояд тариқи тестӣ гирифта шаванд, вале барои санҷиши амиқи дониши донишомӯзон имтиҳонҳоро ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ низ ба роҳ мондем, ‐гуфт сарвари омӯзишгоҳ Алимат Мавлонзода.
-Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба сатҳи касбияти мутхассисони тиб, хоса, дастпарварони коллеҷҳои тиббӣ эрод гирифтанд, ки ҷон дорад. Дар ин самт мо дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба гурӯҳе ташкил кардем, ки пайваста сифати таълимро назорат мебаранд, изҳор дошт директори коллеҷ. – Воқеан, масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор аз самтҳои муҳим ва доимии кори мост. Имрӯз дар байни дастпарварони мо мутахассисоне, ки дар шаҳру навоҳии вилоят ва берун аз он фаъолияти назаррас доранд, кам нестанд. Ҳамзамон, сафи онҳое, ки баъди хатм бо омилҳои шахсӣ ва дигар сабабҳо аз рӯи ихтисос кор намекунанд, зиёданд. Тавре маълумот ёфтем, имрӯз дар муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят 109 ҳамшираи шафқат намерасад. Мо метавонем аз ҳисоби донишҷӯёне, ки имсол коллеҷро хатм мекунанд, сафи мутахассисонро пурра кунем.
Бино ба гуфтаи Алимат Мавлонзода, довталабони коллеҷ, ки бештар ҷавондухтаронанд, ихтисоси “кори момодоягӣ” – ро интихоб мекунанд. Дар ин баробар, бештарини ҷавонписарон ба ихтисоси “дорусозӣ” майл доранд. Исботи ин гуфта дар шумораи донишҷӯёне, ки дар ин риштаҳо таҳсил доранд, мебошанд. Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз ҷомеа интихоби васеъ дорад, яъне танҳо ба мутахассисе, ки ҳирфаӣ кор мекунад, бовар доранд. Ин нуктаро донишҷӯёни мо бояд хуб дарк кунанд.
Дар хотимаи суҳбат, ки дар доираи маҳфили “Меҳмонсаро” – и маҷаллаи “Паёми Суғд” доир шуд, меҳмон – Алимат Мавлонзода дар бораи нақша‐чорабиниҳое, ки бахшида ба 90 – солагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ дар назар аст, таваққуф кард. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ба ин муносибат моҳи марти соли ҷорӣ бинои нави таълимии чорошёна мавриди истифода қарор мегирад. Он ба таври замонавӣ сохта шуда, бо маводи муосири таълим муҷаҳҳаз аст. Интизорӣ меравад, ки бо фаъол шудани он захираҳои моддию техникии коллеҷ ғанӣ мешавад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”