Натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ

Дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти матбуотии донишгоҳ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом доир ба самтҳои мухталифи фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат давоми соли 2022 ҳисобот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ як қатор рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваста, ҷомеаи меҳнатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Роҳбари донишгоҳи мазкур зикр дошт, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо давоми давраи ҳисоботӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони бинои замонавии 9 ошёна бо 140 синфхона барои 4 ҳазор донишҷӯ мебошад.

Гуфта шуд, ки дигар аз воқеаҳои муҳим дар раванди таълими донишгоҳ ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, дар ин давра дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ таҳлилӣ ва дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ таъсис дода шуд. Дар раванди таълим дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид.

Профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани кадрҳои тахассусманди омўзгориву техникӣ мунтазам корбарӣ намуда, дар доираи чунин тадбирҳо факултети нави муҳандисӣ‐техникӣ (рӯзона ва фосилавӣ) дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таъсис ва ба фаъолият шуруъ намуд. Афзун бар ин, кафедраҳои иттилоот ва технологияҳои робитавӣ, назарияи физика, лабораторияи методикаи таълими физика (механика ва физикаи молекулавӣ) ва ихтисосҳои системаҳои радифӣ ва рўизаминии алоқаи мобилӣ, таълими касбӣ (агромуҳандисӣ) ва биоэкология, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ўзбек, забони англисӣ, таълими касбӣ (энергетика), таҳсилоти ибтидоӣ, санъати тасвирӣ, эпидемиология таъсис ёфтанд, ки аз рӯйдодҳои муҳиму судманди сол маҳсуб меёбанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 4 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расиданд. Маълумот дода шуд, ки донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми аввал, «Илм‐фурӯғи маърифат» мақоми дуюм ва «Тоҷикистон ‐Ватани азизи ман» яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид.

Дар қисмати дуюми нишаст мавзӯъҳои марбут ба сохтмони бинои нави таълимӣ, раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ифтитоҳи лабораторияҳо, теъдоди муқоисавии магистрантону докторантон, вазъи иқомат дар хобгоҳҳои омӯзгорон ва донишҷӯён, рушди интеллекти сунъӣ дар донишгоҳ, теъдоди донишҷӯёни эҳтиёҷманд, стипендияҳо ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба он аз ҷониби ректори донишгоҳ ва масъулин посухҳои муфассал шуданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh