Камбудиҳо бартараф мегарданд
- Details
- Published on Wednesday, 12 April 2023 09:11
Санаи 10- уми апрели соли равон дар “Қасри ҷавонон”- и ба номи Лоиқ Шералӣ мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид. Нахуст намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, ҳозиринро ҷиҳати тадбири роҳандозӣ кардаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шинос кард. Қайд кард, ки баргузории ин гуна мулоқотҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то барои пешравии Тоҷикистони азизамон саҳми назарраси худро гузоранд,- қайд кард Т. Султонӣ.
Сипас раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода ҷиҳати дастовардҳои соҳоти маориф, илм ва корҳои анҷомдодаи масъулин ба донишҷӯён маълумот дод. Қайд кард, ки то ин дам дар ҳама донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ донишҷӯён аз ноҳияи мо пайваста таҳсили илм доранд. Гуфта шуд, ки минбаъд низ камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, мақоми ноҳияро дар байни ҷумҳурӣ боз ҳам баланд бардорем.
- Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат”, ки бо амри Сарвари давлат баргузор гардида истодааст, самараи хуб нишон дода, моро водор месозад, ки ин тадбирҳову ташаббусҳоро дар миқёси ноҳия низ дар мадди назар қарор диҳем, – афзуд Ашӯралӣ Ҷалилзода.
Манзура Бахтиёрзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз мушкилиҳои ҷойдоштаи ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, аз гаронии нархи роҳкиро дар хатсайрҳои Деваштич- Хуҷанд ба роҳбарияти ноҳия расонд.
Дар навбати худ Ашӯралӣ Ҷалилзода дар бобати ин мавзӯъ ваъда дод, ки ин пешниҳодро мавриди назар қарор медиҳад.
Рӯзҳои душанбе ва шанбе, ки асосан донишҷӯён ба ноҳия сафар мекунанд, кӯшиш мекунем, нархи роҳкироро арзон кунем, - иброз дошт мавсуф.
Баъдан Меҳрона Акрам, донишҷӯи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик, Бобоҷон Ғафуров баромад намуда, аз набудани телевизион дар ноҳия нигаронӣ намуд. Мувофиқи гуфтаи Меҳрона Акрам аз ноҳияи мазкур то ин дам чандин рӯзноманигорони соҳибтаҷриба ба воя расидаву аз набудани ҷои корӣ танқисӣ мекашанд.
Ба пешниҳоди ин донишҷӯдухтар раиси ноҳия розӣ шуда, изҳ
ор дошт, ки дар оянда якҷоя бо Телевизиони вилояти Суғд ҳамкориро ба роҳ монда мушкилии пешниҳодгаштаро бартараф мекунад.
Ҳамчунин донишҷӯён бо пешниҳодҳои муфид, доири таъмири роҳҳо ва сохтани беморхонаву мактабҳо муроҷиат намуданд.
Дар бораи бартараф кардани ҳама мушкилиҳои ноҳия ҷиддан талош намуда, то ҳадди имкон барои фароҳам овардани ҷойи корӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум мусоидат мекунам, - мегӯяд Раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода.
Ба зиёда аз сад нафар донишҷӯён мукофоти яквақтаинаи раиси ноҳия супорида шуд, ки ин амал боз ҳам баҳри ҳавасманкунию беҳбудии зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Дар фарҷом чорабинии фарҳангӣ ба аҳли нишаст пешкаш карда шуд.
Феълан вохӯриҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯён то 25- уми апрели соли равон идома меёбад.
Сӯҳроб ОТАЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”