ДАРСИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР “ҲАҚИҚАТИ СУҒД”

 Санаи 2 - юми майи соли равон донишҷӯёни соли аввали шӯъбаи рӯзноманигории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мудири кафедраи итттилоот ва технологияҳои робитавӣ дотсент Мутриба Бобоҷонова ва сармуаллим Шаҳноза Зарипова аз идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” дидан намуданд. Дар вақти боздид донишҷӯён аз фаъолияти шуъбаҳои рӯзнома, китобхона ва котибот шиносоӣ пайдо карданд.

Сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Шарифзода оид ба фаъолияти кунунии рӯзнома, интихоби мавзӯъҳои рӯзмарра ва инъикоси дастовардҳои даврони истиқлолият маълумот дод.

- Шумо яке аз касбҳои пурифтихорро интихоб кардед ва имконият доред  дар мавзуи соҳаҳои гуногун нигошта, барои тарғибу ташвиқ ва дастовардҳои миллату давлат хизмати мондагор анҷом дода бошед. Рӯзнома худ инъикосгари сиёсати давлату Ҳукумат аст ва тамоми нигоштаҳои рӯзноманигорон дар таърихи рӯзнома сабт хоҳад шуд. Дар ин боргоҳи муқаддас шахсони барӯманди кишвар кору фаъолият кардаанд. Журналисти рӯзнома метавонад тамоми дастоварду муваффақият ва муаммову камбудиҳоро дар саҳифаи рӯзнома боадолатона бо истифода аз жанрҳои журналистика нишон дода бошад. Ҳоло рӯзнома дар як ҳафта се маротиба бо теъдоди наздик нӯҳ ҳазор нусха нашр мешавад. Барои ҳамкорӣ бо шумо омода ҳастем, - гуфт Аминҷон Шарифзода.

Донишҷӯён аз фаъолияти шуъбаҳои рӯзнома, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва муроҷиат бо шаҳрвандон, ҳамчунин аз кори котибот шиносоӣ пайдо карданд.

- Барои ман рӯзи хотирмон ва пур аз маълумоти нав буд. Мо аҳли гурӯҳ аз кори нашрия дидан намуда, аз фаъолияти ҳар як шуъба шинос гардидем. Дар рафти боздид аз тарзи интихоб, таҳлил ва ҷойгиркунии мавод шинос шуда, устодон бароямон оид ба воситаҳои ахбори омма, яъне рӯзномаву телевизион ва радио маълумот доданд. Имрӯз хурсанд аз он ҳастам, ки мо донишҷӯён, бо чашми худ аз тарзи фаъолияти нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” дидан намудем. Кормандон бо роҳбарии сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Шарифзода моро хуб пешвоз гирифта, барои ҳамкорӣ низ даъват намуданд, - гуфт донишҷӯи курси 1, ихтисоси Веб-рӯзноманигорӣ Фирдавс Юсуфҷонов.

Add comment


Security code
Refresh