ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ КАСБУ ҲУНАР

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияи муосир аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Татбиқи пайгиронаи ин ҳадаф омили сиёсии рушди нерӯи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафти устувори давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад.

Дар вилоят айни замон бисту як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар понздаҳ шаҳру ноҳия фаъолият менамоянд, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз аз рӯи дувоздаҳ самт иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, энергетика, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ ва 52 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ мутахассис тайёр менамояд.

Имрӯз талабот ба касбу ихтисосҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта, теъдоди хоҳишмандоне, ки тавассути зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ гирифтани ин ё он касбу ихтисосро доранд, сол то сол зиёд мегардад.

Тибқи иттилои сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Нодири Шермуҳаммад, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят 7 ҳазору 490 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифтаанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 33 нафар духтар мебошанд. Дар соли таҳсили 2022 муассисаҳои таълимии вилоятро 3 ҳазору 412 нафар хонанда хатм намуд, ки 1 ҳазору 119 нафари онро духтарон ташкил медиҳад.

‐Дар муассисаҳои таълимии вилоят курсҳои кӯтоҳмуддат низ ба роҳ монда шудааст, ки дар нӯҳмоҳи соли 2022‐юм 2 ҳазору 682 нафар (537 нафар духтар) курсҳпи кӯтоҳмуддатро хатм намуда, соҳиби касб ва шаҳодатномаи намунаи давлатӣ гардидаанд. Теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии вилоят 643 нафар ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 334 нафарро ташкил медиҳад,‐гуфт Н.Шермуҳаммад.

Дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ба Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом таҷҳизот барои таъмири автомобил, коркарди маҳсулоти ширӣ, коркарди меваҳо ва ба Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд барои ихтисосҳои кафшергари газию барқӣ, дуредгарӣ ва кандакорӣ дар чӯб, сантехник таҷҳизот оварда шудааст. Таҷҳизоти воридшуда ҳам барои таълими хонандагон ва ҳам барои гузаронидани курси такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон истифода бурда мешаванд.

Дар доираи Лоиҳаи Бонки осиёии Рушд “Тақвияти таҳсилоти касбӣ‐техникӣ ва омӯзиш” биноҳои таълимӣ ва устохонаи литсейҳои касбии техникии кишоварзии ноҳияҳои Шаҳристон, Мастчоҳ, касбии техникии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, инчунин литсейи сохтмонӣ ва политехникии шаҳри Хуҷанд, нефт ва гази шаҳри Исфара таъмир шуда, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 21 литсейи касбии техникии вилоят компютерҳо, тахтаи электронӣ ва мизу курсӣ дастрас шуд. Баҳри огоҳӣ пайдо намудан аз шарту шароит ва дастоварду муваффақиятҳои литсейҳои касбии техникии шаҳри Хуҷанд боздид намудем.

ҲАДАФ: РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд” яке аз муассисаҳои пешқадами таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб рафта, дар тўли 80 соли фаъолияташ даҳҳо мутахассисонро тарбия намудааст. Ин муассиса аз рўи ихтисосҳои дуредгар, барқчӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, дўзанда, ҳисобдор, усто‐сохтмончӣ, туроператор, гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ, кафшергари барқию газӣ, челонгари оид ба таъмири муҳаррики автомобил, челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникаи санитарӣ мутахассис омода менамояд. Дар заминаи таҳсилоти асосӣ муҳлати таҳсил ду сол ва яксоларо дар бар мегирад, ки хатмкунандагони дар заминаи синфи нуҳ дипломи тахассусӣ ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (аттестат) дар заминаи синфи 11 дипломи тахассусӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои роҳбари ин боргоҳи таълимӣ Имомиддин Мухторов аз тарафи Бонки осиёии Рушд дар доираи Лоиҳаи «Кўмаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омўзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим» ва Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ‐техникӣ ва омўзиш” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд таҷҳизот барои ихтисосҳои дуредгар, челонгар оид ба тайёр намудани қисмҳо ва ҷузъҳои техники санитарӣ, кафшергари газӣ барқӣ ва Кумитаи машварати соҳавӣ, компютер, принтер барои кабинетҳои корӣ, як тахтаи электронӣ бо проектор, се проектор, банери лентавӣ барои кабинетҳои тахассусӣ ва 25 компютер барои синфхонаи компютерӣ дастрас шуданд.

‐Бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар литсей курсҳои кўтоҳмуддат дар асоси нақшаи таълимӣ ба муҳлати се моҳ, ки шаҳрвандони бешуғлро аз рўи ихтисосҳои амалкунанда соҳибкасб мегардонад. Баъд аз хатми курсҳои кўтоҳмуддат ба шунавандагон Шаҳодатнома дода мешавад, ‐мегўяд И.Мухторов.

Аз тарафи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ‐техникӣ ва омўзиш” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2018‐2019 устохонаҳо, ошхона ва хобгоҳи литсей таъмир шуда, бо техникаи маишӣ ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин шуд. Пеш аз ҳама, кормандони литсей кўшиш намуданд, ки раванди таҳсилот мунтазам такмил ва тағйир ёбад ва вазифаи асосии худро барои беҳтар намудани сатҳи сифати таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ, мутобиқшавии дониш ва малакаҳои касбомўзии хонандагон равона намуда, тайёр кардани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазирро тарбия намоянд. Дар панҷсоли охир 1615 нафар хонанда муассисаро хатм намуда, соҳиби дипломи тахассусӣ гардиданд. Барои самаранок баргузор намудани машғулияти таълимӣ истеҳсолӣ ва таҷрибаомўзии истеҳсолӣ бо корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шартномаи дуҷониба баста шудаанд.

Алҳол 21 гурўҳ мавҷуд аст, ки аз он 4 гурўҳаш тариқи шартномавӣ буда, 381 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 62 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар барномаи омўзишӣ ду давраи таълими истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки даври якум дар устохонаи таълимӣ ва даври дуюм дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузарад. Устохонаҳои таълимӣ бо ҳама лавозимоти омўзиши касб муҷаҳҳаз буда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки бевосита бо дастгоҳҳои зарурӣ, техника ва технология фаъолият намуда, дараҷаи тахассусии худро баланд бардоранд. Бояд гуфт, ки Литсей дорои бинои таълимии сеошёна, хобгоҳи чорошёна, устохонаи таълимӣ, бинои нигоҳдории нақлиёт, толор, майдончаи варзишӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, осорхона, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад.

Корҳои таълимии муассиса дар асоси барнома ва нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ монда шуда, маъмурият ва кормандон малака ва маҳорати худро ба он равона месозанд, ки мутахассисони ҷавобгуй ба талаботи замонро тайёр намоянд. Ин аст, ки кулли кормандони муҳандисӣ омўзгории литсей тамоми маҳорат, дониш ва қувваи худро барои баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ, донишазхудкунӣ ва хушахлоқии хонандагон равона намоянд. Қувваталӣ Саъдуллоев, хатмкардаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд” буда, онро соли 2018 бо ихтисоси барқчии газӣ хатм намудааст. Айни ҳол дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия кору фаъолият дорад ва миннатдории худашро ба омўзгорони ин боргоҳ расонида гуфт, ки бо ин ҳунар кору фаъолияти худро берун аз кишвар пеш бурда истодааст.

КӮШИШҲО БАҲРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲУ СИФАТИ ДОНИШ

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд” то имрўз аз рӯи 50 касбу ҳунар бештар аз 35 ҳазор кадри баландихтисос тайёр кардааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни на танҳо хоҷагии халқи вилояту ҷумҳурӣ, то ҳатто дар мамлакатҳои хориҷа фаъолият доранд.

Литсейи мазкур айни замон мувофиқи нақшаи қабул аз рӯйи нӯҳ ихтисос хонандагонро қабул намудааст. Масоҳати умумии таълимии литсей 1,3 гектар буда, дар он бинои таълимӣ, бинои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва ҷузъҳои таркибии муассиса аз хобгоҳи 5 ошёна барои 250 нафар ҷойи хоб мавҷуд буда, инчунин аз ду толори варзишӣ яке баҳорона дигар зимистона иборат аст. Дар литсей ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Айни ҳол дар муассиса 524 нафар хонанда таҳсил намуда истодаанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ муассиса давра ба давра китобҳои дарсии тахассусӣ ва умумитаълимиро харидорӣ намуда истодааст. Дар қироатхона барои 20 нафар хонанда ҷои нишаст, мизу курсиҳо харида шудааст. Бояд қайд намуд, ки фонди китобхона 12247 китобро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 5159 китоби тахассусӣ, 3259 китоби бадеӣ, 204 китоби методӣ, 874 китоби таълимӣ ва 2955 китоби ҷамъиятӣ ва брашураҳо мебошанд. Таъмини муассиса бо таҷҳизоти техникии муосир қаноатбахш буда, дорои кабинети технологияи иттилоотӣ, се доскаи электронӣ, компютер, ҳафт ноутбук, принтер, проектор 5 ададро ташкил медиҳад. Аз тарафи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо муассиса бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин гардида, кабинети ташхиси компютерӣ оид ба касби “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил” ташкил шуд. Дар баробари ин, ҷиҳати беҳтар кардани вазъи устохонаи таълимии ихтисоси дўзанда бо Дафтари намояндагии СММ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дастрас ва насби 15 мошинаи дузандагӣ ба мувофиқа расида, мошинаҳои дўзандагӣ дастрас шуданд. Бо мақсади иҷрои “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандон барои солҳои 2021‐2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31‐уми декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар муассиса нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабинии мазкур аз тарафи роҳбарияти муассиса ҳамкорӣ бо Намояндагии СММ дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар доираи ҳамкории мазкур ба устохонаҳои таълимии муассиса ду таҷҳизоти кафшерии замонавӣ ва ду адад таҷҳизоти ташхиси қисмҳои барқии автомобил дастрас гардида, мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шуд. Дар баробари ин, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш” бинои таълимии муассиса ва хобгоҳи он аз таъмири ҷорӣ пурра бароварда шуда, ба муассиса аз рӯйи ихтисосҳои омўзонидашаванда, таҷҳизоти зарурии замонавӣ дастрас ва насб шуданд, ки мавриди истифодабарии хонандагон қарор дорад.

Барои зиёд намудани шумораи касбомўзон дар муассиса ва ҷорӣ намудани касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнати муосир мутобиқ бо пешниҳоди маъмурияти муассиса аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замимаи иҷозатномаи муассиса аз касбу ихтисосҳои экскаваторчӣ, монтёри барқӣ, радиомеханик, таъмири қисмҳои барқии автомобил, қолинбоф (дар курсҳои кутоҳмуддат) ворид шуданд. Роҳбарияти литсейҳои касбии техникии шаҳри Хуҷанд азму талош доранд, ки баҳри тайёр намудани кадрҳои коргарии ба талаботи бозори меҳнатии имрўз ҷавобгў ва касбҳои гуногун донишу малакаи худро сарф намоянд, то ки дар рушду тараққиёт ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh