МАВСИМИ БОСАОДАТИ МИНУӢ

Донишҷӯӣ, давраи тиллоии умри инсон аст. Месазад, ки ҳар шахс аз ин лаҳзаҳои ҳаёт баҳраманд гардад. Баъди поёни дарс ҳамроҳи ҳамсабақон, дар даст ҷувздон дар кӯчаҳои шаҳр қадам задану шом шуда монданашро надонистан, чӣ қадар гуворост. Лекин ҳаёт маҷбур мекунад, ки ба даст лавозимоти хӯрокпазиро гирифта, ба хӯрокпазӣ пардозед. Либос шуста ҳамвор кунед, ки боре ҳам иҷро накардаед. Чӣ қадар ин ҳама душвор аст.

Яъне донишҷӯӣ давраи хуб бошад ҳам, ранҷу машаққатҳои зиёд дорад. Вақте 18 сола мешавед, дигар шумо мустақил ҳастеду бори гарони зиндагӣ як бора ба саратон меафтад. Аммо мусофириро шахсе медонад, ки дур аз диёр, аз падару модару бародару хоҳараш аст. Дар ҷое хондам, ки чунин навишта шуда буд: Зеботарин манзара ҳавлии падар аст, ки дар он хотираҳои кӯдакӣ тасвир ёфтааст. Дар ҳақиқат ҳавлии падар гаронарзиш аст, аз ҳама молу ҷоҳу ҷалоли дунё. Зеро дар он ҳавлӣ, мо ҳамроҳи бародарон тӯббозӣ мекардему хоҳаронамон бо шавқ тамошо мекарданд. Модарамон “Хӯрок хӯред, омода шуд!” гуфтанаш ҳамон дар ёдам аст.

Ҳама ранҷу азобу машаққатҳои модар барои он аст, ки фарзанди дилбандаш дар кӯчаҳои ғарибӣ азоб накашад. Барои ин ҳама амалаш, подоше намехоҳад барои худ. Танҳо мехоҳад ба ҳамсояҳои худ бо ифтихор гӯяд, ки фарзанди ман шахси бузург шудааст (Одами калон шудааст).

Акнун имрӯзҳо барои муваффақ шудан, ҳар шахс мекӯшад, пайваста меҳнат намуда, аз ҳаёти худ самаранок истифода барад. Барои равшантар шарҳ додан, оид ба масъалаи болозикр, суҳбате оростем бо шоири ҷавон, магистранти курси дуюми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Мусо Азизӣ (Хуҷаев).

‐Фарқи мактаби миёнаро аз муассисаҳои олӣ дар чӣ мебинед?

‐Аз ҷиҳати дониш омӯхтан агар назар андӯзем, тавофути зиёде дида намешавад. Шахсонеро медонам, ки дар мактаби миёна таҳсил намуда, аз донишҷӯён дида дониши хубтар доранд. Лекин бояд иброз дошт, ки донишҷӯӣ, давраи амал аст. Шахс сайқал меёбад, ҷаҳонбинии ӯ бой мегардад. Мекушад, худро ба ҳама кор ҳамроҳ кунаду дар байни ҳамсабақон обрӯю эътибори зиёдтар дошта бошад. Ба фикри ман, донишҷӯӣ нисбат ба солҳои хонандагӣ тезтар мегузарад.

-Ба шумо ҳамсинфонатон меҳрубонтар буданд, ва ё ҳамсабақони даври донишҷӯиятон?

‐Давраи мактабӣ, бисёр хуб буд, аммо дӯстони давраи донишҷӯӣ меҳрубонтар буданд. Шахс он вақт ба қадри ҳамсинфи худ мерасад, ки мактаб ба поён расида бошад. Алҳол мо ҳамсинфон ба якдигар мисли бародар ҳастем. Ба корҳои якдигар ёрӣ мерасонему шодиву ғами ҳаётро якҷоя паси сар мекунем. Чӣ хеле, ки медонем, дар давраи донишҷӯӣ ҳамсабақон аз ҳама гӯшаву канори мамлакат омадаанд. Аз падару модар, хоҳару бародар дур шудаву ба худ ҳамрози дил мехоҳанд пайдо кунанд. Аз ин рӯ ба ҳама тез унс мегиранд. Агар мушоҳида карда бошед, инсонҳои зиёде ҳастанд, ки давраи донишҷӯиро кайҳо ба итмом расонидаву ҳанӯз ҳам бо ҳамсабақон дар тамос ҳастанд.

‐Агар донишҷӯи соли аввал шудан ба шумо муяссар гардад, чӣ корҳоро анҷом медодед?

‐Мехостам корҳои зиёдеро анҷом диҳам, ки дар вақташ ба сомон расонида натавонистам. Аммо доим пеши назарам як фикр давр мезанад. Чаро зиёдтар нахондам? Албатта, барои дониш омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад, аммо барвақттараш беҳтар аст. Ҳоло ҳам кӯшиш намуда истодаам, зиёдтар илм омӯхта, барои пешравии ватанамон саҳми муассир гузорам.

‐Ҷиҳати қарзи шаҳрвандиро иҷро намудани ҷавонон, яъне ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ андеша доред?

‐Ҳар шахсро зарур аст, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намояд. Ман ҳам тасмим гирифтам, ки баъди хатми донишгоҳ қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоям. Имрӯзҳо барои сарбозону афсарон дар қисми низомӣ тамоми шароитҳо муҳайё аст. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки ин вазифаро сарбаландона иҷро намудам.

‐Ба мо маълум шуд, ки шумо шеъру шоириро бисёр меписандед, пас барои чӣ дар факултети филологияи тоҷик таҳсил накардед?

‐Дуруст аст, ки ман дилбохтаи шеър ҳастам ва ҳаётамро лаҳзае бе шеър тасаввур карда наметавонам. Пайваста аз осори адибони классикиву муосир баҳраманд гардида дар пайравии онҳо шеър мегӯям. Албатта, дар бораи саволи болозикр агар сухан гӯем, ман иштибоҳан ба ин ихтисос дохил шуда будам. Аммо меҳри ҳамкурсону дониши устодони нуктасанҷ нагузошт, ки ман таҳсиламро дар факултаи мазкур қатъ намоям. Новобаста аз ин ман ҳеҷ гоҳ аз соҳаи адабиёт рӯй нахоҳам гардонд. Кӯшиш намуда истодаам, нозукиҳои ихтисоси худамро низ ба пуррагӣ омӯзам.

‐Шумо дар соли дуюми таҳсилатон китобчае бо номи “Тулӯи меҳр” ба нашр расонидед. Дарбораи ин китоб ва нақшаҳои ояндаатон каме сухан мегуфтед:

‐Китоби “Тулӯи меҳр ”‐ро бо дастгириҳои бевоситаи устодонам ба нашр расонидам, ки беҳтарин туҳфаи даврони донишҷӯиям буд. Албатта, ки шеърҳои аввалинам камбудиҳо доштанд, аммо кӯшиш намуда истодаам эҷодиётамро сайқал диҳам. Дар нақша дорам, ки китоберо бо номи “Мазраи ашк” ба табъ расонам. Бояд ёдовар шавам, ки имсол мехоҳам дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намоям. Ин орзуи деринаи ман аст.

‐Албатта мо ҳам тарафдори амалишавии ҳама орзуҳои шумо ҳастем. Фатҳи қуллаҳои бузурги илм ба шумо муяссар гардад. Нусратманду саодатофар бошед.

‐Ташаккури зиёд. Сарбаланд бошед.

Албатта, гуфтаҳои болоӣ гувоҳи он аст, ки инсон давраҳои тиллоии умри худро самаранок истифода барад. Роҳи дурустро интихоб намуда, ба қадри ҳар сония вақт бояд бирасад. Ҳамдиливу ҳамрозиро аз ҳеҷ дӯстонаш дур нагардонад.

Ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона:

Ҳоло, ки гузашт фасли донишҷӯӣ,

Он мавсими босаодати минуӣ.

Эй ҳамсабақон ҳамеша ҳамдил бошед,

Бар ҳурмати чанд соли ҳампаҳлуӣ.

Сӯҳроб ОТАЕВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh