Ифтитоҳи синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт

15 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт дар маросими баистифодадиҳии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақми 52 иштирок намуд.

Бинои иловагии мактаб аз 6 синфхона барои 200 хонанда, ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаи компютерӣ иборат буда, корҳои сохтмонии он моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфта буд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон бунёд гардида, мушкили норасоии ҷой дар мактаб бартараф карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои саҳми назарраси ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола дар саросари вилоят даҳҳои иншооти соҳаи маориф ба истифода мешавад.

Таъкид карда шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши маориф ва илму маърифатро дар пешбурди ҳамаи самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати худ эълон доштааст. Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳо наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва соҳибдонишу соҳибҳунар тарбия намуда, дар пешрафти беш аз пеш саҳмгузор бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh