Робитаи донишкада ба 90 кишвари дунё
- Details
- Published on Friday, 23 February 2024 13:30
‐Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо 90 донишкадаи олам робитаҳои байналмилалӣ дорад ва мақсади асосии робитаҳои байналмилалии донишкада таъмини байналмилалигардонии раванди таълим, омӯзиш ва илм дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни соҳавӣ ба шумор рафта, робитаи донишкада дар доираи 15 лоиҳа амалӣ мешавад,‐изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи директори донишкада Шӯҳратҷон Машокиров.
Ҳамзамон, ӯ иброз дошт, ки устодону донишҷӯёни мо барои ивази таҷриба ва табодули академӣ ба хориҷи кишвар сафарбар шуда, мутаносибан 16580 евро барои омӯзгорон ва 64040 евро барои донишҷӯён стипендияҳои грантӣ пардохт карда шуд.
Дар донишкада дар ин самт корҳо басо зиёд буда, он ҳарсолаю ҳармоҳа такмил ёфта истодааст.
Шӯҳратҷон Машокиров ҳамзамон оид ба сатҳи кору хизматрасонӣ фикру андешаи худро баён намуда, изҳор кард, ки дар донишкада шабакаи ALFA Xpress амал менамояд. Дар он тамоми маълумоти донишҷӯён, аз ҷумла, варақаи шахсӣ, ғоибҳо, холҳои ҳавасмандкунии донишҷӯён, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, маводи таълимӣ, таълимӣ‐методии профессорону омӯзгорон ворид карда мешаванд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода менамоянд.
Санҷишу имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул мешаванд. Донишҷӯ баробари ба итмом расидани имтиҳон имкон дорад бо баҳои худ шинос шавад. Ин тадбирҳо баҳри шаффоф гузаштани раванди имтиҳонсупорӣ ва баҳогузории объективона мусоидат менамоянд.
Донишҷӯёни Донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ‐техникӣ” ширкат намуда, як нафар сазовори ҷои дуюм, се нафар сазовори ҷои сеюм ва як нафар барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Ҳамзамон, чанд нафар донишҷӯ дар озмунҳои “Илм‐фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон‐оинаи таърихи миллат”, “Беҳтарин донандаи кодекси андоз” ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”