Таълим - маҳаки асосии таҳсилоти босифат

“... Бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар Паёми хеш ва ҳамчунин дар вохӯриву мулоқотҳо ба шароити иҷтимоии омӯзгорон, бинои таълимгоҳ, сифати таълиму тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ дода, бештар волидайн ва муаллимонро вазифадор месозанд, ки ба ин қишри ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд, зеро оянда аламбардори кишвар насли ҷавони имрӯз аст.

Дар пайравии ҳамин гуфтаҳо ва дастуру ҳидояти Пешвои маҳбуб дар қаламрави вилоят аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то кунун таъмири биноҳои фарсуда, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Аз Паёми навбатӣ бармеояд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1380 иншооти муассисаи таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида бошад, дарозои соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилоят 49 иншоот барои маорифчиён омода шуд, ки дорои 9315 ҷойи нишаст мебошад.

Чанд сол муқаддам, аниқтараш дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ толибилмон ба сабаби набудани биноҳои таълимӣ ва ё дар ҳолати садамавӣ қарор доштанаш дар хонаҳои сокинони ҳамон мавзеъ бо таълим машғул буданд. Бо мурури замон ин муаммо бартараф гардида, алҳол бо дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат биноҳои замонавӣ қомат афрохтаву дорои шароити таълимӣ ва бо таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардида истода бошад ҳам, аммо то кунун биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва ё ба сабаби афзун гардидани шумораи аҳолӣ дар масъалаи таъминот бо синфхонаҳо ва ҷойи нишаст дар шаҳру навоҳии вилоят норасоиҳо ба чашм мерасанд. Масалан, соли сипарӣ дар назди 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо 284 синфхона бо 8520 ҷойи нишаст, дутогӣ толор ва майдончаи варзишӣ бунёд гардиданд. Ба ҷуз ин, биноҳои садамавӣ низ бо мурури замон бартараф гардида истодааст.

Дар ин бобат сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода иброз медорад, ки “Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ тадбирҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд. Айни замон бинои 25 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор гардида, дар 8 бинои таълимии садамавӣ корҳои азнавсозӣ идома дорад”.

Аз рӯи маълумоти баррасишуда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ боз таъмиру азнавсозии 13 бинои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Деваштич ва Шаҳристон ба қайд гирифта шудааст.

‐ Тавре дар оғози асри ХХI Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, “Асри ХХI – асри техника” ва барои пурра муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир Барнома низ қабул гардид, ‐ гуфт зимни суханронӣ сардори Раёсати маорифи вилоят.

Дар 1175 синфхонаи 952 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят 23 ҳазору 265 компютер, 3381 адад принтер, 1750 проэктор мавҷуд буда, 1404 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар бобати компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ Барномаи давлатӣ қабул гардида буд, ки муҳлати он соли сипарӣ ба итмом расида бошад ҳам, дар шаш соли охир барои дабистонҳо 1210 адад тахтаҳои электронӣ харидорӣ шудааст, ки он 127,5 фоизи нақша мебошад. Харидории компютер дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ва ноҳияи Шаҳристон иҷро гардида бошад ҳам, аммо дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Истиқлол, Куҳистони Мастчоҳ, Ашт, Ҷ. Расулов, Зафарободу Спитамен ин масъала нигаронкунанда мебошад.

Бо вуҷуди ба охир расидани Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ‐ коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018‐2022 корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сеюми апрели соли 2021 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021‐2025» соли сипарӣ муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо 14 озмоишгоҳи биологӣ, 503 кабинети фаннӣ барои фанҳои физика, химия, биология, география, математика ва технологияи информатсионӣ, ҳамчунин кабинетҳои суруд ва мусиқӣ таъсис дода шуд, ки 90,8 фоизи нақшаро фарогир аст. Усули кабинети фаннӣ барои тезазхудкунии толиб‐илмон мусоидат менамояд.

Як қатор озмунҳое, ки бо ибтикори Пешвои маҳбуби миллат рӯи кор меоянд, барои ба китоб рӯй овардани пиру барнои кишвар мусоидат намуд. Аз ҷумла, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм ‐ фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” имкон фароҳам сохт, ки мардуми кишвар аз таъриху маданияти мамлакатамон огоҳ бошанд. Солҳост, ки дар қатори дигар табақаҳои ҷомеа аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят толибилмон ва омӯзгорон ба озмунҳо ширкат варзида, то зинаҳои олии санҷиш баромадаанд. Соли сипаригардида низ аз 112 довталаб дар озмуни ҷумҳуриявӣ 6 нафар сазовори ҷойи якум, 9 нафар ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюмро соҳиб гардида, инчунин 20 нафар дар номинатсияҳо ҷойи чорум ва холи баландро ба даст оварда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи пулӣ сарфароз шуданд.

Ҳамчунин баргузории озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” боис гардиданд, ки сафи китобхонон дар муасисаҳои таълимӣ афзун гардида, китобхонаҳо низ бо асарҳои пурарзиши адибони ватаниву хориҷи ғанӣ гардонида шаванд.

Ба ҷуз ин, дар Паёми Президенти мамлакат Барномаи давлатӣ дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” арзёбӣ гардид. Дар асоси нақша – чорабинии Раёсати маорифи вилоят соли сипарӣ бори нахуст дар сатҳи вилоят ҳафтаи “Илм, инноватсия ва ихтироъкориву навоварӣ”, ҳамчунин бо мақсади таҷлили “100 – солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам” бо ташаббуси МДТ “Планетарий ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ” чорабиниҳои мухталиф, аз қабили озмуни вилоятии “Беҳтарин макетаи сайёра”, “Газетаи деворӣ”, дарс – конфренсияи илмӣ дар мавзӯи “Мо ва кайҳон”, фестивали “Робототехникӣ, авиомоделӣ ва ракетомоделӣ”, озмуни вилоятии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Илми афлок”, намоиши дастовардҳои “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ва “Рӯзи ихтироъкорони ҷавон” дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят баргузор гардид, ки мақсад аз чунин чорабиниҳо тақвият бахшидани савияи дониши толибилмон, беҳтар сохтани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ буда, онро Пешвои муаззами миллат чунин таъкид доштаанд: “Дар чунин шароит... боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар анҷоми суҳбат cардори Раёсат Мадина Набизода чунин гуфт: “Умуман, Раёсати маорифи вилоят минбаъд низ фаъолияти худро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, сатҳу сифати таълиму тарбия, иҷроиши босифати барномаю нақшаҳои таълимӣ, амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору супоришҳои Раиси вилоятро марбут ба соҳа равона месозад”.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh