Олими намоён, устоди забардаст ва ташкилотчии беҳамтои илм

Зинда гардонидани номи абармардони миллатамон,  ки дар гузашта барои  рушду нумӯи Тоҷикистон  хизмат кардаанд, қарзи фарзандии ҳар яки мост.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ва баромадҳои худ олимонро чароғи раҳнамои ҷомеа номида, махсус таъкид кардаанд, ки олимон бояд роҳбаладони огоҳи мардум ва зиндагии оянда бошанд, азму иродаи халқро ба созандагиву ободкорӣ ва маънавиёти баланд ҳидоят намоянд.

Солҳои истиқлолият исбот кард, ки кадрҳои миллӣ аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои мураккаб ва масъулиятнок мебароянд ва ба нафъи халқу Ватан софдилона хизмат карда метавонанд.

Мақоми илм ва  зиёиён дар пешрафт ва рушди устувори ҷомеа хеле баланд аст. Дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия кардан ва ба камол расонидани насли наврас масъалаи муҳими илму маориф дар асри ХХI маҳсуб меёбад.   

Дар кишвари мо “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ  барои солҳои 2010-2030” таҳия ва тасдиқ гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илмҳои табиатшиносӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатӣ қадами устувор гузошта шуд. Вазъи имрӯза ва дастовардҳои илм, ташкил ва тадбиқи онҳо дар истеҳсолот, равияи тадқиқот, ҳамоҳангсозии он бо талаботи замон дар рушди устувори ҷумҳурӣ саҳми назаррас бояд дошта бошад.

Ҳиссаи олимон, хоса муҳаққиқони табиатшинос дар рушду инкишофи илми тоҷик назаррас мебошад. Комёбӣ ва кашфиётҳои онҳо натанҳо қимати назариявӣ, инчунин аҳамияти калони амалӣ дошта, барои ҳифзи муҳити кишвар, беҳбудии зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст. Комёбиҳои илми даврони истиқлол бидуни эҷод ва дастбурдҳои бузурги олимон дар замони шӯравӣ тасаввурнопазир аст. Чунончи муваффақият  ва комёбиҳои Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ, ки дар соҳаҳои биология, экология, илмҳои табиатшиносӣ ба даст овардааст, хеле зиёд ва арзишманд мебошанд. Онҳо натанҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз он шӯҳрат ёфта буданд, бисёр кашфиёт ва тавсияҳои илмии олимони табиатшинос ба амал татбиқ гашта, баҳри беҳбудии муҳити зист ва вусъати ҳосилнокии кишоварзӣ мусоидат намудад.

Яке аз онҳое, ки дар ин ҷода хидмати шоиста ва беназир доранд, табиатшиноси намоёни тоҷик, олим ва ташкилотчии беҳамтои илм, муҳаққиқи варзида академик Муҳаммадқул Нарзиқулов мебошанд.

Имсол ба мавлуди олими варзида, Арбоби хизматнишондодаи илм, энтомологи дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ, педагог ва мураббии соҳибмаҳорат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, марди хоксору наҷиб, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадқул Нарзиқулов 110 сол пур шуд.

Муҳаммадқул Нарзикулов зодаи  шаҳри Самарқанд буда, пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дохил мешавад.  Ҳанӯз аз овони таҳсилу донишҷӯӣ ба мавҷудоти гуногуну сернамуди табиати зинда – ҳашарот, махсусан намудҳое, ки ба маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, ниҳолҳои мевадиҳанда зараровар маҳсуб меёфтанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ин замина намуди зараррасони растанигие, ки дар натиҷаи ҷаббидани шираи танаву барги растанӣ онро пажмурда сохта, то ба ҳолати нобудшавӣ меорад ва ба ҳосилнокии навъҳои зироат таъсири манфӣ мерасонад, яъне ширинча (тля) бештар аз ҳама диққати муҳаққиқи ҷавонро ба худ ҷалб месозад. Ниҳоят маҳз ҳамин  ҳашароти зараррасон мавзӯи асосии тадқиқоти илмии М.Нарзиқулов ва мактаби афидологии минбаъдаи ӯ мегардад.

Пас аз бо дипломи аъло хатм намудани донишгоҳ ӯ барои идомаи фаъолият ба кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ҷалб гардида, ҳамзамон корҳои пажӯҳишии худро аз рӯи мавзӯи илмиаш шурӯъ менамояд. Оғози Ҷанги Бузурги Ватани барои амалӣ гардидани нақшаҳои илмии олими ҷавон халал ворид намуд ва ӯ барои дифои Ватан раҳсипор гардид. Дар муҳорибаҳои шадиди назди Сталинград сахт захмӣ шуда, дар госпитали ҳарбӣ ҷарроҳиро аз сар гузаронид ва пас аз шифоёбӣ ба донишгоҳи худ баргашт. Дар ин ҷо Муҳаммадқул Нарзиқулов баҳри барқарорсозии фаъолияти кафедраҳои факултети биологияи донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, ҳамзамон таҳти роҳбарии профессори машҳур Н.З.Туркевич корҳои пажӯҳиширо аз болои рисолаи илмиаш идома бахшид ва дар яке аз ҷаласаҳои навбатии Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон М.Нарзиқулов  рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биология бомуваффақият   дифоъ намуд.

Соли  1946 бо даъвати филиали Тоҷикистонии АИ  ИҶШС Муҳаммадқул Нарзиқулов барои идомаи фаъолият ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе меояд ва фаъолияти минбаъдаи илмию таълимӣ ва ҷамъиятии олим бо Тоҷикистон иртиботи ҳамешагӣ пайдо намуд.

Бо тавсияи президенти аввалини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва академики АИ ИҶШС, ташкилотчии илм дар Тоҷикистон Павловский Евгений Никанорович соли 19470 М.Нарзиқулов директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо таъин гардид.

Солҳои минбаъда дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология самтҳои асосии тадқиқоти захираи бойи олами ҳайвоноти Тоҷикистон, аз намудҳои  соддатарини он то ҳашаротҳо, махсусан намудҳои ҳашароте, ки аҳамияти бештар дар хоҷагии халқ доштанд, кор карда баромада шуданд. Ин намудхои фоидаовар – даррандаҳо, энтомофагҳо ва ҳамчунин зараррасонҳои растаниҳои худрӯй ва киштшаванда, барангезандагони касалиҳои хавфноки сироятӣ ва гузарандаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ мебошанд. Бо ҳамин мақсад сол то сол шӯъбаҳои илмии энтомология, паразитология, ихтиология ва гидробиология, ҳайвоноти мӯҳрадор ва лабораторияҳои омӯзиши агробиосенозҳои пахта, боғҳои мевагӣ, коркарди усулҳои биологии мубориза бо зараррасонҳо ташкил ва таъсис меёфтанд. Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология ба махзани воқеии омода намудани мутахассисони соҳаи зоология гардида, таҳти роҳбарии академик  М.Нарзиқулов мактаби энтомологҳо таъсис меёбад. 

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти Пажӯҳишгоҳ таҳти назорати ҳамешагӣ ва ғамхориву таваҷҷӯҳи доимии сарвари Институти зоологияи Академияи илмҳои ИҶШС олими шинохта, академик Е.Н.Павловский  қарор дошт.  Ӯ дар шахсияти ин олими тоҷик ташкилотчии илми биологияи Тоҷикистонро дида, Нарзиқуловро яке аз шогирдони беҳтарини худ меҳисобид. Аз ин лиҳоз, академик Павловский Е.Н. ба кишвари мо пайваста сафарҳо менамуд ва табиист, ки чунин ташрифот баҳри рушди тадқиқоти биологӣ дар минтақа мусоидат доштанд. 

М.Нарзиқулов пажӯҳишоти илмӣ ва фаъолияти таълимиашро бо маҳорати том пайваста буд. Ӯ дар муддати якчанд солҳо вазифаи мудири кафедраи биологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,  сарварии кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба  уҳда дошта, ҳар сол ба донишҷӯёни Донишкадаи  кишоварзии Тоҷикистон доир ба ҳифзи растаниҳо курсҳои махсусро таълим медод. Ҳамчун педагог ва мураббии бомаҳорат ӯ ба эҳтиром ва муҳаббати самимии олимону донишҷӯёни ин муассисаҳои пешсафи таҳсилотии ҷумҳурӣ сазовор гардида буд.

Соли 1956 М.Нарзиқулов рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои биология дар шаҳри Ленинград бомуваффақият ба дифоъ расонид. Чанде пеш аз ин якдилона ба аъзо-корреспондентии Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардида буд.  Бо назардошти фаъолияти пурмаҳсулу тӯлонии педагогиаш дар омода намудани кадрҳои соҳаи биология ба ӯ унвон ва дипломи профессорро супориданд.

Дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули зиёда аз 40-солааш дар вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ олим дар рушд ва такомули илми зоология  саҳми босазо гузоштааст. Дар ин солҳо бевосита таҳти роҳбарии ӯ натанҳо олимони ҷавони Тоҷикистон, балки  Русия, Украина, Молдавия, Назди Балтика, Қазоқистон, Пасикавказ, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. М.Нарзиқулов бо олимони намоёни Чехословакия, Полша, Голландия, Ирландия,  Ҳиндустон, Покистон ва дигар давлатҳо ҳамкории густурда дошта, дар ҳаммуаллифӣ таълифоти судманде низ ба анҷом расонидааст. Ҳамчунин, бо маърӯзаву гузоришҳои илмии худ дар симпозиумҳои байналхалқӣ, форуму конференсияҳои бонуфуз борҳо баромад намудааст.

Ба қалами академик Нарзиқуллов  зиёда аз 600 асарҳои илмӣ мансубанд, ки дар байни онҳо китобу монографияҳои бузургҳаҷм, китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмиву оммавӣ ва васоити мухталифи илмӣ мавҷуданд. Ӯ  сармуҳаррири бисёре аз тадқиқотҳои илмие мебошад, ки аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳ ба нашр расидаанд.

Таҳти роҳбарии ӯ аз ҷониби олимони Институти зоология ва паразитологияи ба номи  академик Е.Н.Павловский китоби бисёрҷилдаи «Фаунаи Тоҷикистон», ки ба синфҳо ва бахшҳои олами ҳайвоноти ҷумҳурии мо бахшида шудаанд, таҳия ва нашр гардидаанд. Дар ин силсилакитобҳо маълумоти муфассал оид ба таснифот ва таҳаввулоти биологӣ, экология, зоогеография, аҳамияти хоҷагӣ ва роҳу усулҳои мубориза бо зараррасонҳо ва бемориҳои ҳайвоноту наботот оварда шудаанд.

Муҳаммадқул Нарзиқулов муаллифи се нашри силсилаи «Ширинчаҳои Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна» мебошад, ки ду нашри он дар ҳаммуаллифӣ бо шогирдонаш – номзадони илмҳои биология Ш.Умаров ва М.Дониёрова таҳия шудаанд. Ин китобҳо натиҷаи тадқиқоти бисёрсолаи систематикӣ, биологии паҳншавӣ, дараҷаи зараррасонӣ ва кор карда баромадани роҳу усулҳои мубориза алайҳи гурӯҳи ҷолиби ҳашарот – ширинчаҳо мебошанд.

Соли 1967 барои саҳми бузургаш дар илми биологияи Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисон М.Нарзиқулов ба узвияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Минбаъд дар вазифаи директори Институти зоология академик-котиби шӯъбаи илмҳои биологӣ, саркотиби илмии Раёсати АИ Тоҷикистон хидмати шоиста карда, дар пешравии илми тоҷик ва Академияи илмҳои Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Академик М.Нарзиқулов ҳамеша бо мактабҳои олии ҷумҳуриамон ҳамкорӣ намуда, дар ташкили раванди тадқиқот, таълими илмҳои табиатшиносӣ, тайёр кардани ҳазорҳо кадрҳои баландихтисос хидмати шоиста дорад. Ӯ солҳо вазифаи раиси Шӯрои илмӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ дар АИ ҶТ-ро бар уҳда дошт ва пайваста ба таълими аспирантон, унвонҷӯён эътибори махсус зоҳир намуда, садҳо олимони ҷавони соҳибунвонро ба камол расонидааст.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки солҳои 70-80-уми асри XX давраи шукуфоӣ ва рушди босуръати ҳамаи соҳаҳои илм дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд.

Дар баробари ӯ ҳамчунин олимони варзидае монанди академикҳо А.Махсумов, К.Т.Порошин, А.Адҳамов, П.Н.Овчинников, П.Бобоҷонов, Х.Саидмуродов, Р.Баротов, Ю.Носиров ва дигарон  узвият дар Президиуми Академияи илмҳо доштанд.

Таҳти роҳбарии президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳо, олими фозил, инсони наҷиб академик Муҳаммад Осимӣ ба ин насли ходимони илм имкон ба  даст дод, ки дар Академияи илмҳо дар фазои воқеан ҳам мусоиду дӯстона сарҷамъ омада, фаъолияти мушаххасу муназзами ҳамаи сохторҳои ин маъвои илмро ташкил ва ба роҳ монанд.  Ҳар кадоме аз ин академикон воқеан ҳам арбоби барҷастаи соҳаи худ ба шумор рафта, соҳиби мактабе буданд, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ маъруфият дошт.

Академик М.Нарзиқулов дар давоми фаъолият дар Академия бисёр қувва ва саъю кӯшиши худро дар ҷодаи табъу нашри китоб ва мақолаҳои илмӣ ва баланд бардоштани сифат ва илмияти онҳо сарф намудааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ сармуҳаррири маҷаллаи “Ахбори АИ Тоҷикистон (шӯъбаи илмҳои биологӣ)”,  аъзои ҳайати асосии таҳририяи Энсиклопедияи советии тоҷик, аъзои фаъоли Шӯрои таҳририяи табъу нашри Раёсати АИ Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Олими нуктасанҷ мақолаву рисола ва китобҳое, ки барои чоп пешниҳод мешуданд, бо масъулияти баланд ва ҷиддияти тамом дақиқкорона таҳлилу таҳрир менамуд.

Ҳар як тадқиқоти худи академик М.Нарзиқулов дар илм ҳодисаи намоён, падидаи беназир ба шумор мерафт. Ҷустуҷӯ, комёбиҳои илмии ӯ ҳаргиз боиси  пайдо  шудани шакку шубҳа намегаштанд, зеро онҳо ба санаду далелҳои мӯътамад асос меёфтанд. Олими забардаст ҳар як нуқта, ақида ва назарияашро дар низоми ақл, меъёри илмият ва таҷрибаи амалӣ борҳо месанҷид. Ба ин ҳақиқат мақолаву тадқиқот, хоса кашфиёти бунёдии ӯ доир ба усули биологии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони пахта ва боғҳои мева мисоли равшан шуда метавонад.

Академик Нарзиқуловро барои хондани лексияҳо доир ба масъалаҳои мубрами илми биология, экология, табодули таҷрибаи усули сарҷамъонаи мубориза алайҳи зараррасонҳои пахтазор, боғҳои мевагӣ, растаниҳои шифобахш, гиёҳҳо ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ даъват менамуданд.

Дар он солҳо Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтарин сохторҳои зеҳнӣ дар ИҶШС ном баровард, ки баҳри ноил гардидан ба ин шарафи бузург хидматҳои мондагори олимони тоҷик, ки заҳматписандиро дар  хидмати холисонаю фидокорона ба Ватан ва наслҳои оянда ҳадафи асосӣ ва аслии худ қарор дода буданд, бениҳоят бузург аст.

Хидматҳои академик М. Нарзиқулов ҳамчун яке аз ташкилкунандагон ва роҳбарони нахустини Ҷамъияти ҳифзи табиати ҷумҳурӣ дар ҳифзи табиати нотакрори давлати мо ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ басо бузург аст.

Таҳти роҳбарии ӯ ин ҷамъият дарвоқеъ ба ташкилоти оммавии пурҷӯшухурӯши дӯстдорони табиат табдил ёфта, маъракаҳои муҳимеро дар самти мубориза бар зидди ифлосшавии муҳити атроф, ҳифзи намудҳои нодир, фоиданок ва аз байн рафтаистодаи набототу ҳайвонот, истифодаи оқилонаи боигариҳои табиии Тоҷикистон ташкил ва баргузор менамуд.

Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Нарзиқулов М.  Китоби Сурхи Тоҷикистон нашр гардид, ки дар он 162 намуди олами ҳайвонот  ва 226 намуди наботот дохил гардидаанд.

Ҳадаф аз нашри Китоби Сурх ин пешгирии камшавии босуръати  намудҳои  набототу  ҳайвонот, андешидани тадбирҳо баҳри ҳифзу эҳёи намудҳои нодир ва таҳдид ба нобудшавӣ доштаву аз байн рафтаистодаи олами флора ва фауна ба ҳисоб мерафт. Ғайр аз ин, нашри ин китоби арзишманд дар тарбияи экологии ҷавонон ва ташвиқи маданияти экологӣ байни мардум ва аҳолии кишвар нақши муҳим дорад.

Дар охири солҳои 60-уми асри гузашта олимон ва мутахассисони хадамоти ҳифзи растаниҳо дар садади таҳаввулоти ногузиру амиқи таҷрибаи мавҷудаи ҳифзи ҳосил аз зараррасонҳо – канаҳо ва ҳашарот қарор доштанд. Пеш аз ҳама сухан дар мавриди ба низом даровардани истифодаи воситаҳои химиявӣ бар зидди зараррасонҳои пахтазор ва боғҳои мевагӣ мерафт. Коркардабароии ин муаммои басо муҳимро академик М.Нарзиқулов сарварӣ кард.

Солҳои 1968 то 1980 дар Тоҷикистон дар ҳифзи интегратсионии пахтазор, ҳамчун низоми нисбатан пурра ҷавобгӯ ба манфиатҳои беҳдошти ҳосилнокӣ, ҳифзи муҳити атроф аз заҳролудшавӣ бо пестисидҳо (заҳрхимикатҳо), дар иртибот ба ин ҳифзи саломатии аҳолӣ марҳилаи гузариш ба амал пайваст.

Самаранокӣ ва боэътимодии ин низоми ҳифзи пахтазор аз зараррасонҳо бо корбурди миқдори камтарини моддаҳои химиявӣ, фаъолсозии амалиёти популятсияҳои табиии энтомофагҳо, идоракунӣ ва танзими навънокии намудҳои зараровар дар агробиосеноз аз ҷониби кулли мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқ эътироф гардида, дар аксари манотиқи пахтакори Осиёи Марказӣ татбиқ гардиданд.

Дар натиҷа ҳаҷм ва давраҳои коркарди химиявӣ маҳдуд карда шуда, зарурати истифодаи авиатсияи хоҷагии қишлоқ аз байн рафт. Ин тадбирҳо тозагии тамоми сохторҳои муҳит ва табиати атрофро таъмин намуда, боис гардиданд, ки хоҷагиҳо аз ҳисоби сарфаи маблағҳои барои мубориза бар зидди зараррасонҳо сарфшаванда ва фурӯши маҳсулоти ҳифозатшуда якчандмиллиона даромадҳо гиранд. 

Муҳим он аст, татбиқи ин усулҳо дар амалия боиси беҳдошти солимии вазъи экологӣ, бавуҷудоии шароити мусоид баҳри баландбардории ҳосилнокии меҳнат, ташаккули мафкура ва фарҳанги экологӣ байни роҳбарияти хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ гардиданд.

Барои коркардабароӣ ва татбиқи бомуваффақияти усулҳои ҳифзи интегратсионии  пахтазор бо истифодаи унсурҳои муборизаи биологӣ академик Нарзиқулов М. ва шогирдони ӯ ба мукофоти олитарин дар соҳаи илм ва техника – Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардиданд.

Дар хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дигар коркарду дастовардҳои муҳими илмии олимони Институти зоология ва паразитология дар соҳаҳои ихтиология, гидробиология, хоҷагии моҳипарварӣ, мубориза бо бемориҳои хавфноки чорвои хурд ва калони шохдор, паррандаҳо, моҳӣ ва ғайраҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтаанд.

Натиҷаҳои омӯзиши компонентҳои хомӯшак (гнус) – комплексҳои дуболаи хуношомҳо, ки манбаи бемориҳои трансмиссивии одаму ҳайвонот ба ҳисоб мераванд, мавқеи махсус доштанд. Дар ин кор саҳми ҳамсафон ва шогирдони академик Нарзиқулов – И.Абдусаломов, В.Г.Баева, Ш.Умаров, Б.Бозоров, У.Ҷалилов, Н.Мӯминов, Ш.Баротов, Г.Н.Шахматов ва дигарон, ки ин олими маъруф бо онҳо фахр мекард ва дастранҷи боқадри худ – Институти зоология ва паразитологияро самимона дӯст медошт, басо бузург аст.

Муҳаммадқул Нарзиқулов инсони дорои ҷозибаи нодир ва бениҳоят хоксор буд. Ӯ холисона ба илм хидмат намуд, ҳатто дар рӯзҳои бемориаш аз болои масоили илмӣ кор мекард, мақолаҳо менавишт ва таассуф аз он мебурд, ки ҳанӯз нақшаҳо ва маромҳои амалинашудаи зиёде дорад. Мубориза баҳри ба даст овардани навгониҳо, ҳақиқатҷӯӣ ва бонизомӣ дар тадқиқоти илмӣ асоси ҳадафҳои  ӯро ташкил медоданд.

Дар баробари аз нуқтаи назари маҳорат ва сифатҳои инсонӣ баҳо доданаш ба одамон, ин олим дар  ҳақиқат худ чун як шахсияти кушоду дастрас, соҳиби назари воқеъбинона боқӣ монда, вуҷуди эътимодбахшаш таваҷҷуҳи ҳамкорону шогирдон ва ҳатто ҳамсуҳбатонашро ба худ ҷалб менамуданд. Чун инсони дорои қобилияти баланд ӯ ҳамеша манфиати илмро аз дигар манфиатҳо боло мегузошт, хобу истироҳатро, гӯё ки ба гӯшаи фаромӯшӣ дода бошад, бештари шабҳои дарозро дар сари мизи кориаш бо мутолиаву тадқиқ паси сар менамуд.

Бо вуҷуди ин, ташвишу вазниниҳои кору фаъолияти илмиву маъмурӣ ва ҷамъиятиаш ба ӯ барои ҳамсари мушфиқу вафодор мондан, падари ғамхор ва бобои нармгуфтору пурмуҳаббат будан дар идомаи ҳаёти пурсаодаташ заррае халал ворид намекарданд. Ӯ ҳамеша барои таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба ҳаёти оилавиаш вақту имкон ёфта метавонист, ба вазъи зиндагӣ ва рӯзгори шогирдони худ пайваста мароқ зоҳир менамуд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекард, ки ба онҳо дасти ёрие дароз намояд.

Шоистаи зикр аст, ки М.Нарзиқулов дар радифи дигар ходимони барҷастаи илми кишвар дар шумори 20 нафар машҳуртарин чеҳраҳои илми Тоҷикистон дар асри ХХ шомил гардидааст.

Мо хеле сарфароз ва хушбахтем, ки бо чунин инсони фозил, олими соҳибмаърифат, некбин ва хоксор Нарзиқулов Муҳаммадқул, ки ҳамеша дар дилу дидаҳои мо тарҳи симои мунаввараш нақш баставу хотироти некаш дар ёдҳо маъво гирифтааст, зистем, ҳамдаму ҳамсуҳбат ва ҳамкор будем. Андӯҳи фироқаш ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо бадар намеравад, аммо ёди неку зикри хайри дӯстони хонадон, ҳамсафон, шогирдон ва шахсоне, ки падари мушфиқ, устоди ғамхор ва ин инсони шарафмандро мешинохтанд, моро рӯҳи тоза мебахшад.  

Аз рӯи гуфтаҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Илм дорои нерӯи бузург, қувваи пешбарандаи ҷомеа аст ва  бояд ба амалия хизмат кунад, ва ҳаёти инсонро беҳтару хубтар кунад – ин натанҳо вазифаи олим аст, балки латофати худи фаъолияти илмӣ мебошад”.

Мероси пурбаҳои илмии академик М.Нарзиқулов, комёбиҳои таҳқиқотии шогирдони варзидаи ӯ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол  имрӯз низ дар хидмат буда, баҳри пешрафт ва шукуфоии он мусоидат менамоянд.  

М.ДОНИЁРОВ,

профессори Донишгоҳи

давлатии ҳуқуқ,  бизнес ва

сиёсати Тоҷикистон,

М.ДОНИЁРОВА,

дотсенти Донишкадаи

иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати

Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh