Вуҷуде ороста бо сафову андешаи солим
- Details
- Published on Thursday, 18 July 2024 10:57
Омӯзгор, ки чароғафрӯз, нурбахшу раҳнамои ҷомеа маҳсуб меёбад, агар рӯ ба эҷод ораду қаламкаш гардад, бурди ҷомеа хоҳад шуд. Зеро муаллим маънавибахши ҳаёт, заминагузори роҳи фардо, бахшандаи болу пар, ҳидоятгари зиндагии ояндаи инсоният аст. Ҳар сухане, ки муаллим мегӯяд, аз қалб аст. Хоса, он нафаре, ки беш аз чиҳил соли ҳаёти хешро сарфи ин касби бошарафу пурифтихор намудаву ҳар рӯз тарғиби ростиву росткориву ростҷӯӣ мекунаду дар ҷомеа шуҳратёр аст. Вуҷуду ҳастиву қалбаш чун кӯдаку наврас ва ҷавон поку чун оина шаффофу андешааш ҳамеша заҳмату меҳнат ва ростист.
Яке аз пирони кори идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди арҷманд Алиҷон Олимов аз зумраи чунин омӯзгорон ва қаламкашони муваффақи ҷомеаи кишвари мо ба ҳисоб мераванд.
Алиҷон Олимов омӯзгори асил, қаламкаши соҳибистеъдод, соҳибкитоб, инсони заминиву хоксор, деҳқони донапошу боғпарвар, заҳматкашу мушкилнописанд, ташкилотчиву чашмикордон, зиндагидӯстдору дорои оилаву фарзандону наберагони намунавии ибрату омӯзиши аҳли деҳаи калонтарини Ҷамоати деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд.
Устод Алиҷон Олимовро ҳамчун муаллим тамоми хурду бузурги деҳаву ҷамоат мешиносанду эҳтиром менамоянд. Устод дар яке аз дабистони калонтарин ва марказии Ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон сабақ омӯхтаву насли наврасро таълим ва бо одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намудаанд. Устод нафақат омӯзгор, балки чун зиёии пешқадами ҷомеа дар чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангиву ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудаву баромадҳои пурмуҳтаво менамуданд.
Муаллимро аз давраи мактабхониам, ки дар мактаби дигари деҳа таҳсил доштам, мешинохтаму эҳтирому ихлос доштам. Бо қаду қомати баланду зебо, чеҳраи кушоду табассуми ба худашон хос, тоқии миллӣ маҳфилорои ҷомеа буданду шеърхону сухандон.
Боиси қаноатмандӣ аз қисмат аст, ки бо гузашти солҳо бо устод А.Олимов дар як идораи бузурги эҷодӣ ҳамкор шудему ҳастем. Баъди шиносоии наздик бо зиндагиномаи пурбаракату намунавии устод хеле шод шудам. Устод воқеан як инсони бузургдилу беназир ва нотакрор ҳастанд.
Имрӯз дар ҳалқаи фарзандону наберагони дилбандашон давлати пирӣ доранд, вале ғайрат, меҳнатдӯстиву садоқат ба давлату миллат, ҷомеаву Ватан он касро водор менамояд, ки сабақи аз зиндагӣ бардоштаи хешро манзури халқ намоянд. Таҷрибаи бою рангини худро имрӯз чун рӯзноманигори соҳибкасб бо сеҳри қалами сабзи хеш пешкаши хонандагони рӯзнома менамоянд, ки нишонрас асту дар дили муштариён ҷой меёбад.
Шавқу рағбати беандоза ва муҳаббати устод Алиҷон Олимов ба нигорандагӣ ва хоҳиши ҳамроҳ фаъолият бурдан бо аҳли қалами рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” аз овони ҷавонӣ дар замирашон ҷӯш мезаду омӯзгори ҷавон солҳои 1984-1986 курси дусолаи “Мухбирони коргару деҳқон”-и назди идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”-ро хатм намуда, бо рӯзнома ҳамкории пайваставу зич доштанд.
Навиштаҳои устод аз он ҷиҳат таъсирбахшу хонданбоб аст, ки онҳо аз таҷрибаи зиндагӣ ва амал бардошт шудаанд. Алиҷон Олимов ҳам устоди заҳмату амал ҳастанду ҳам устоди маънавиву андешаву тафаккур. Он кас ҳамчун деҳқон ба замин дона мепошанду ҳам дар қалби шогирдон тухми муҳаббат ба зиндагӣ. Ҳазорҳо шогирдони устод имрӯз чун номбардори муаллими хеш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакати азизамон, то хизмати давлативу вазир кору фаъолият намуда истодаанд, ки самараи меҳнати содиқонаву сидқидилонаи эшон мебошад.
Алиҷон Олимов фориғ аз дарсу мактаб замини наздиҳавлигии худро ба биҳишти воқеӣ табдил дода, обчакорӣ менамоянду боғи меваҳои шаҳдбори зардолуву олуву гелосу олучаву ангурҳои гуногуну бодому шафтолу бунёд намудаанд ва давоми фаслҳои сол худашон дарахтҳоро ба шакл меоваранду пайванд мекунанду ба низом медароранд. Кирмакпарвари моҳир ҳастанду чорводори бомаҳорат. Ҳонаашон доимо аз ширу ҷурғоти тару тоза ва табиӣ фаровон. Инсоне ҳастанд, даҳ ангушташон боҳунару сабз.
Устод инсони хушбахт ҳастанд, ки фарзандонро низ дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва сариштакорӣ дар зиндагӣ тарбия намудаанд. Хислатҳои наҷиби инсониву инсондӯстӣ меҳмоннавозиашон аст, ки се духтарашонро як оила келин намудаву ба ягона писарашон аз ҳамон авлод келин кардаанд. Дар маъракаҳои оилавии устод иштирок карда, хеле хушҳол шудам, ки меҳру муҳаббати фарзандону наберагонашон самимӣ ва ҳама дар атрофи падар ҳозиру парвонаанд, ки ин ҳама аз тарбияи дуруст ва муҳити солиму созгори оилавӣ маншаъ гирифтааст.
Таманнои онро дорам, ки дар хонадони устоди азизу арҷманд Алиҷон Олимов ин саодатмандиву хушбахтии накӯи зиндагӣ пойдору поянда бошад, саломатиашон бардавом, умрашон пурбаракат, давлати бегазанди зиндагиашон устувор бошад. Бошад, ки устод бо навиштаҳои навини худ солҳои зиёд дар ҳалқаи аҳли эҷод ва муштариёни рӯзнома дӯстдоштаи мардуми кишвар ва ҳидоятгар бимонанд.
Аминҷон Шарифзода,
“Ҳақиқати Суғд”