Ба нафъи давлату миллат

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургони барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб тифлону бузургонро илму адаб, ҳунар меомӯзонад, пас зиндагии мо низ ба мактабу маориф вобастагии зич дорад. Чуноне ки шоир мегӯяд:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ рӯи бар мактаб биёр.

Маҳз дар кошонаи илму маърифат инсон бонуфузу донишманд ба воя мерасад ва ин ҳама тавассути заҳматҳои устодони накӯкор мебошад.

Гар набошад мактабу устоду таълиму адаб,

Кас чу ҳайвон мешавад гар бувад соҳибнасаб.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону наврасонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз шароити муосир, аз худ кардани илмҳои дақиқ, донистани забонҳои хориҷӣ ҳамчун кадрҳои лаёқатманди хештаншинос хизмат кардан дар ояндаро ба нафъи давлату миллат шуморанд.

Некӣ кардан хоси амали шахсони бофарҳанг ва босаводу донишманд буда, ба умри абад пайдо кардани инсон боис мегардад. Як нишони асосии некӣ ин дасткушодиву ҳимматбаландист. Чунин хислатҳоро шахси бузургу маърифатдӯст, оқилу доно, муассиси Гимназияи “Кавсар” Анварбек Саидмуродов дороянд. Ин кас дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, барои боз ҳам зебою замонавӣ гардидани мактаб кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бинои Гимназияи “Кавсар” аз ду ошёна иборат буда, он аз синфхонаҳои барҳаво, толори варзишии дорои таҷҳизот барои обутоби бадан, майдончаи варзишӣ, гузаронидани бозии волейболу баскетбол, инчунин дар мактаб сексияи карате ва бокс амал мекунад.

Соли ҷорӣ дар Гимназия боз 5 синфхонаи нав дорои таҷҳизоти замонавӣ, маркази забономӯзии англисӣ, хитоӣ буда, 20 тахтаи электронӣ дар синфхонаҳо насб карда шудааст. Дар 34 синфхона 400 мизу курсӣ ҷой гирифта, шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи гимназия дар навбати худ барои беҳтар гардидани сифати таълим саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва барои беҳтару хубтар омӯзонидани донишҳои муосир барои насли замони ояндасоз талош доранд.

Насими Саидмуҳаммад,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh