Олими тавоно буд
- Details
- Published on Thursday, 28 November 2024 10:16
Чанд рӯз қабл дар толори муассисаи давлатии "Қасри фарҳанги Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар осори илмии академик Аҳрор Мухторов" доир гардид. Дар он меҳмонон аз шаҳру навоҳии вилоят, аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ҳамоиши илмӣ аз ду бахш, якум “Академик Аҳрор Мухторв – муҳаққиқи маъруфи таърих ва фарҳанги асримиёнагӣ ва давраи нави таърихи халқи тоҷик” ва дувум “Академик Аҳрор – Мухторов – поягузори мактаби илмии катибашиносии тоҷик” иборат буд. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода зимин сухани ифтитоҳӣ аз мақоми академик Аҳрор Мухторов дар илми таърих, ки яке аз поягузорони мактаби тоҷикшиносӣ аст, ёдовар шуд.
Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ дар мавзӯи “Масоили адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ дар осори академик Аҳрор Мухторов” маърӯза хонда, изҳор дошт, ки доираи таҳқиқоти илмии олими тоҷик хеле фароху доманадор буда, масъалаҳои умдатарин ва камтаҳқиқшудаи адабиёту фарҳанги тоҷиконро дарбар мегирад.
Ҳамзамон, номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов перомуни “Академик Аҳрор Мухторов дар хотироти ҳамкорон, шогирдон ва пайвандон” сухан ронда, афзуд:
- Академик Аҳрор Мухторов поягузори мактаби илмии катибашиносӣ, сарчашмашиносӣ, васиқашиносӣ, истаравшаншиносӣ ва ғафуровшиносии тоҷик буда, ба қалами ин олими сермаҳсул беш аз 600 таҳқиқоти бунёдӣ, рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳои илмӣ мансубанд. Ба шарофати корномаи ин фидоии илм дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он қариб 2 ҳазор катибаи рӯи санг, беш аз 7 ҳазор васиқаи асримиёнагӣ ва садҳо китобҳои қаламӣ – дастнависҳои нодир ҷустуҷӯ, дарёфт ва ҷамъоварӣ шудаанд, ки барои омӯзиши таърихи давраи қадим, асримиёнагӣ ва навини тоҷикон сарчашмаҳои пурарзиш ва нодир маҳсуб меёбанд.
Шавкат Шарифов худро шахси хуштолеъ меҳисобад, зеро пас аз хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар шуъбае, ки сарварии онро ин фидокори роҳи илм бар уҳда дошт, фаъолият бурд. Дар ҳайати дастаи археографӣ дар ҷустуҷӯҳои илмӣ иштирок варзид.
- Бо тавсияи устод ба омӯхтани рӯзгор ва осори илмии аллома Бобоҷон Ғафуров машғул шуда, рисолаи номзадии хешро ҳимоя намудам. Яке аз хислатҳои неки устод Аҳрор Мухторов дар он зоҳир мегардад, ки ӯ барои ташаккул ва камолоти илмии шогирдонаш, ба таҳқиқоти илмӣ ҳавасманд сохтани онҳо, рисолаҳои алоҳидаро бо ҳамқаламӣ таълиф ва интишор намудааст. Масалан, банда бо ҳамқаламии устод рисолаи «Академик Бобоҷон Ғафуров»-ро соли 1983 ба забони русӣ, бо теъдоди 25 ҳазор нусха, соли 1988 ба забони дарӣ, бо ҳуруфоти арабӣ, бо теъдоди 1500 нусха, соли 1989 ба забони тоҷикӣ, бо теъдоди 5000 ҳазор нусха дар нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе интишор намудем, -гуфт Шавкат Шарифов.
Тавре шогирди бовафои академики тоҷик иброз дошт, бузургӣ ва донишманди асил будани устод Аҳрор Мухторов дар ҳақгӯ, ҳақҷӯ, ҳақиқатпараст ва адолатҷӯ будани он кас буд. Ин хислатро устод ҳаргиз ба хотири касе ва чизе иваз намекард. Ў аз баҳсу талоши тезу тунд, масъалаҳои душвору серпеч намеҳаросид, балки муаммоҳои ҳалношуда, масъалаҳои камтаҳқиқшударо ба миён гузошта, ҳамкасбон ва олимони ҷавонро ба мунозира даъват менамуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки академик Аҳрор Мухторов шогирди бевосита ва идомадиҳандаи сазовори кору пайкори аллома Бобоҷон Ғафуров буда, шоҳасари «Тоҷикон» дар ду китоб солҳои 1983 ва 1985 маҳз зери таҳрири ӯ дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ интишор гардид. Саҳми ин муаррихи маъруф дар таҳқиқу омӯзиши таърих ва тамаддуни тоҷикон, тарбияи ҳазорон омӯзгорон ва даҳҳо олимони соҳибунвон шоистаи тақдир ва эҳтиром аст.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”