"Лаъли Мевағул"

“Лаъли Мевағул” (Таҳқиқ дар шеъри Камоли Хуҷандӣ ва нақду баррасии осори камолшиносон) – китоби нави  адабиётшиноси варзида, доктори илми филология, директори институти илмӣ-тадқиқотии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Нуралӣ Нурзод бо иқдоми Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» тариқи нашриёти Хуросон ба нашр расид.

Ҳарчанд то имрӯз масоили зиндагиву осор ва вежагиҳои ашъори Шайх Камоли Хуҷандӣ борҳо мавриди назари муҳаққиқону суханварони дигар баррасӣ гардидааст, аммо “Лаъли Мевағул” ҳосили ҷусторҳои мухлисонаи шоир ва муҳаққиқи пуркор Нуралӣ Нурзод аст, ки паҳлуҳои мухталифи ашъору афкори Камоли Хуҷандӣ ва нақди осори камолшиносонро дар бар мегирад.

Китоби мазкур аз се бахш иборат буда, дар бахши нахуст силсилаи мақолот роҷеъ ба ҷанбаҳои муҳими мавзуиву ҳунарии шеъри Камоли Хуҷандӣ,  дар бахши дуюм пажуҳишҳое роҷеъ ба пайванди шоир бо суханварони қабл аз худ, таассуроти шоирони баъдӣ аз сабки сухан ва ҷаҳони андешаи ӯ, инчунин нақду назари тазкиранависон ба зиндагиву шеъри Шайх Камол ҷой гирифтаанд. Бахши сеюми китоб ҳовии дидгоҳҳои муаллиф ба саҳм ва ҷойгоҳи камолшиносони тоҷик ва осори эшон дар шинохти сабки сухан ва андешаи шоир  буда, баррасии осори А.Афсаҳзод, А.Насриддин, Б.Мақсудзода, А.Суруш ва Б.Раҳматзод дар меҳвари мақолоти ин бахш қарор гирифтаанд.

Китоб ба силсилаи таҳқиқоти камолшиносии Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” шомил буда, бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди доктори илми филология, профессор Абдулманнони Насриддин, ки дар фурӯзон намудани чароғи мактаби камолшиносии тоҷик саҳми бориз гузоштааст, ҳамчун рамзи ихлосу иродати шогирдона таълиф гардидааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh