Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар Истаравшан
- Details
- Published on Wednesday, 05 February 2025 13:12
4 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони 23 иншооти таълимӣ бо 231 синфхона барои 13 860 ҷойи нишаст дар ду баст ва 4 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 30, 35, 37, 65, 1, майдончаи варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 26 ва 3, ошхона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 31, 37, 65 ва 2, китобхона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 55, 65, 2 ва маҷлисгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 10 ва 37 идома дорад.
Дар деҳаҳои Ругунд, Яккатол, Суфиориф, Чорбоғ, Тӯтк ва маҳаллаи Имоми Аъзами шаҳри Истаравшан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, инчунин бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
Бо мақсади ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар деҳаи Яккатол аз тарафи соҳибкор Мақсуда Шарипова сохтмони бинои дуошёнаи муассисаи томактабии хусусӣ идома дорад, ки барои фаро гирифтани 120 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон дар кӯдакистони рақами 4 сохтмони бинои якгурӯҳа бо фарогирии 20 кӯдак оғоз шудааст.
Бояд гуфт, ки дар Истаравшан ба бунёди муассисаҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Соли 2024 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии давлатии ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 8 бо номи «Табассуми насли Истиқлол» барои 140 кӯдак, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67, инчунин бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони хусусии «Донояк» барои 120 кӯдак, майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ва толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар рӯзҳои таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Куҳандиж иборат аз 10 синфхона барои 600 нафар дар ду баст, 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 барои 300 нафар дар ду баст, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар деҳаи Зартеппаи Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ иборат аз 6 синфхона, бо дастгирии кумитаи падару модарон сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи рақами 3, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63, 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55, толорҳои варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 ва литсейи рақами 1 ва ошхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 ба истифода дода шуда буд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва фарогирии бештари хурдсолон ба боғча супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд