Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ
- Details
- Published on Tuesday, 11 February 2025 15:32
Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки беш аз 30 нафар намояндаи ВАО баргузор гардид. Дар он ба масъалаҳои муҳими соҳа, фарогирӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони равоншинос, давомоти хонандагон, сифати таълиму тарбия, фароҳам гардидани имконият барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини кабинетҳои фаннӣ бо маводи зарурӣ ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода гуфт, ки мувофиқи соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мебаранд, ки назар ба соли 2023-юм 7 адад зиёд аст. Бино ва муассисаҳои нав 7714 нафар хонандаро дар бар гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 578 ҳазору 310 нафар хонандаро фаро гирифтаанд, ки ба онҳо 37 ҳазору 610 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
- Дар соли сипарӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 73 иншоот, бо 10745 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла, дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхона бо 9365 ҷойи нишаст, 7 толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар миқёси вилоят 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ки 47 ҳазору 74 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ҳамзамон, дар назди 715 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1160 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак низ амал мекунанд, ки 23 ҳазору 948 нафар кӯдаки синни шашсоларо дар бар гирифтаанд. Инчунин, 1177 нафар тарбиятгиранда дар 13 муассисаи таълимии типпи мактаб-интернат таълиму тарбия мегиранд, - афзуд Мадина Набизода.
Тавре иттилоъ доданд, дастовардҳои муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ низ афзоиш ёфтааст. Соли таҳсили 2023-2024 беш аз 5 ҳазору 500 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Британияи Кабир, Итолиё, Фаронса, Ҳоланд ширкат варзида, 1206 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд. Дар ин самт нақши марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят амал мекунанд, муҳим арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки тӯли соли сипарӣ дар назди муассисаҳои таълимии вилоят 677 кабинети фаннӣ таъсис ёфт. Тадбири мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» рӯи кор омада, минбаъд низ вусъат дода мешавад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”