Таъсиси гурўҳҳо бо забони англисӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди зеҳни сунъӣ
- Details
- Published on Thursday, 13 February 2025 11:24
Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар соли сипарӣ 796 нафар донишкадаро хатм кард, ки аз ин шумора 77 нафар бо дипломи аъло сарфароз гардид.
Имрӯз дар Донишкада 29 ихтисоси зинаи бакалавр бо шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, 19 ихтисоси зинаи магистратура бо шакли таҳсили рӯзона, 9 ихтисоси зинаи докторантура PhD бо шакли таҳсили рӯзона амал дорад, ки ҳамасола ҳудуди 800 – 900 нафар муҳандис, иқтисоддон ва технологҳои касбӣ тайёр мешаванд.
Тавре гуфта шуд, ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ба 41 фисад баробар мебошад. Онҳо дар соли сипарӣ ба гирифтани 9 нахустпатент ва шаҳодатномаҳои зеҳнӣ мушарраф гардиданд.
- Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 5 нахустпатент барои ихтироот, 4 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ва 12 адад санадҳои татбиқ ба даст овардаанд. Аз ҷумла, системаи фосилавии обёрии ҷӯякӣ, тарзи идоракунии буттаҳои ток, дастгоҳ барои муайян кардани хурдшавии чӯткаи генератор, пойгоҳи додаҳои калимаҳои калидӣ барои низоми шинохтагирии фармонҳои овозӣ бо забони тоҷикӣ, веб-замимаи "Тибби зеҳнӣ" ва ғайраро ихтироъ карданд.
Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии устодон дар 8 монография, 5 мақола дар маҳзанҳои иқтибосоварии байналмилалии Scopus ва Web of Science, 93 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ва зиёда аз 210 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии гуногун нашр шудааст, - гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода.
Барои самаранокии таълим, ҷиҳати таъмин шудани донишҷӯён бо обеъктҳои таҷрибаомӯзӣ айни замон бо 184 корхонаи истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ шатномаи ҳамкории дутарафа ба имзо расонида шудааст.
Шаҳриёр Саъдуллозода директори Донишкада афзуд, ки минбад корҳои муҳимтарин, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ҷонноктар мешавад. Дар ин самт нақша доранд, ки соли ҷорӣ гурӯҳҳои нав бо забони англисӣ ва марказҳои илмиву тадқиқотӣ ҷиҳати амалан татбиқ гардидани Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар таъсис диҳанд.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”