Ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен, ки имрӯз, 26 апрел ба вуқӯъ пайваст, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими ифтитоҳи як мактаби нав дар шаҳраки Ҷомии ҷамоати Сарбанд иштирок намуд.

Шаҳраки Ҷомӣ аз нуктаҳои наздисарҳадӣ ба ҳисоб рафта, моҳи ноябри соли гузашта тибқи дархости сокинону омӯзгорони маҳал барои бунёди муассисаи нави таълимӣ дар ин мавзеъ санги асос гузошта шуд. Инак, бо маблаггузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ давоми 4 моҳ аллакай  мактаби нави рақами 32 қомат афрохт. Бинои мактаб якошёна буда, аз ҳашт синфхона иборат мебошад ва барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Бо назардошти мушкилоти  таълиму тарбия дар ин мавзеъи наздисарҳадӣ, ки асосан сокинони ӯзбекзабон зиндагӣ мекунанд, бунёди мактаби нав тақозои замон аст ва хонандагони ин макон бояд бо барномаи давлатии таълимӣ пурра фарогир бошанд. Бояд афзуд, ки дар мактаби нав, на танҳо фарзандони шаҳраки Ҷомӣ, балки толибилмони деҳаҳои атроф, ки то ин дам аз ҷумла  дар мактабҳои рақами 3 ва 31 -и ҷамоат таҳсил мекарданд, акнун бо истифода аз шароитҳои мусоиди замонавӣ таълиму тарбия хоҳанд гирифт.

Мактаби нав дорои шароитҳои зарурии таҳсил аз қабили синфхонаҳои муҷаҳҳаз, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ошхона ва майдони варзишӣ буда, дар он хонандагон ба маҳфили рӯзгордорӣ низ фаро гирифта мешаванд. Зимни суханронӣ дар назди хонандагону омӯзгорон Раиси вилоят изҳор намуд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ ду мактаби нав бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд ва бунёди ин мактаб идомаи иқдомҳои созандагӣ дар соҳаи маориф аст. То охири сол бошад, ба истифода додани боз се мактаби нав дар минтақаҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст. Метавон умед кард, ки бо беҳ шудани шароити таҳсил дар ин мавзеъ, сафи иштирокчиёни озмуну олимпидаҳои фаннӣ аз ҳисоби фарзандони деҳа зиёд гардида, аз ҷумла ба омӯзиши забони давлатӣ дар мактаби нав эътибори зарурӣ дода мешавад.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки ба мактаби нав мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳиссагузор хоҳанд шуд. Ба мактаби тозабунёд Раиси вилоят маҷмӯи комютерҳоро тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh