Шиносоӣ бо рафти сохтмони мактаби хусусӣ ва гармхонаи ҶСШК «Нексигол» дар Спитамен

Зимни сафар ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳраки Нов бо рафти сохтмони муассисаи таълимӣ шинос шуд.

Мактаби хусусӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Ишонқулов бунёд карда шуда, дуошёна мебошад ва барои 200 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. Раиси вилоят ба масъулини соҳаи маориф ва худи соҳибкор тавсия дод, ки фаъолияти мактабро бо усули инноватсионӣ ба роҳ монанд ва ба он беҳтарин толибилмону омӯзгоронро ҷалб намоянд.

Роҳбари вилоят дар ин сафар ҳамзамон бо фаъолияти кишоварзии ҶСШК «Нексигол» аз наздик шинос гардид. Дар ноҳияи Спитамен ҶСШК «Нексигол» гармхонаи таҷрибавию тадқиқотиро ташкил кардааст. Гармхонаи мазкур аз соли 2010 инҷониб амал карда, ба омӯзиши навъҳои гуногуни тухмии помидору бодиринг ва парвариши онҳо машғул аст. «Нексигол» дар ин ҷода бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориро ба роҳ мондаст ва онҳоро бо тухмиҳои хушсифат таъмин карда, бо онҳо машваратҳои омӯзишӣ низ мегузаронад. Дар мавсими имсола дар ду гармхонаи ҷамъият, ки 16 сотих масоҳат доранд, помидору бодиринги навъҳои «Мандалина» ва «Сидней» аз ширкати «Агротип»-и Олмон парвариш гардида, аллакай наздик дуюним тонна помидори пухтарасида ҷамъоварӣ гардидааст.  Мутахассисони ҷамъият мегӯянд, ки аз ҳар гармхона то 5 тонна ҳосил гирифтан имкон дорад.

Дар боғи интенсивии ҷамъият бошад, асосан дарахти себ парвариш  мешавад. Дар боғи сесолаи таҷрибавӣ, ки 40 сотихро дар бар мегирад, 450 бех ниҳоли себи навъҳои «Голден» ва «Фючин» шинонида шудааст.  Боғ бо фарогирии дарахтони қадпаст бунёд шуда, ба андешаи мутахассисон, ин навъи дарахтон серҳосил мешаванд ва нигоҳубину башаклдарорӣ ва чидани меваи онҳо низ осон ва беталаф аст.  Дарахтони боғи нав аллакай мева андохта, боғпарварон ҳосили дилхоҳро интизоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh