Либосбизнес дар мактаб?!

Абдураҳмон Қодирӣ таъкид бар он кард, ки бояд матоъ аз истеҳсоли  ватанӣ бошад ва ҳатман тарзи дўзонидани он дар тамоми сехҳои дўзандагии вилоят ба таври густардаи рақобати солим сурат бигирад, то сехҳо бекор намонанд ва бо ин васила буҷаи кишвар бой гардад.

“Пул набарам, муаллим ҷанг мекунад…”

Аз забони аксари падару модарон шунидани суханҳои шикоятомез ба фарзандонашон ҳангоми гусели онҳо ба мактаб басо тааҷҷуббарангез аст: «Муаллимат аз пул сер мешавад ё не?», «Вай мактаб аст ё пулхона?», «Зиндагии муаллимат аз ҳисоби талабагон магар?» ва амсоли инҳоро шунида, кас бовар намекунад, ки ҳолати кор то ба ин ҳад расида бошад. Фарзандон низ бо шиква «То пул надиҳед, ба мактаб намеравам, бепул равам, муаллим ҷанг мекунад» гуфтани хонандагон низ ҷои дард аст.

Тақрибан ҳар рўз ҳамчун ҷурналист ба афроде вомехўрам, ки вобаста ба вазъияти пешомадаи мактабу мактабиён, бахусус ба «таъмирпулӣ», «китобпулӣ», «шанбегипулӣ» ва ғайра «пул-пулиҳо»-и дигар лаб ба шикоят мекушоянд. Ҳол он ки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷи- кистон дар нишасти хабарии солонааш иброз дошта буд, ки ҳамаи таъмирҳо аз ҳисоби буҷаи давлат амалӣ мегарданд, на аз ҳисоби волидони хонандагон. Аммо ҳолати духўраи кор: аз ҷониби Вазир садо додани «таъмир аз буҷа» ва аз забони муаллимон «ремонтпулия биёред» муҳити аҷоиберо ба ҳам овардааст, ки кас намедонад, ба кӣ бовар кунад. Ҳамаи ин дарди бахайр. Аммо ҳолати зер боз аҷобати дигарро, яъне қиссаи тамомнашавандаи «Ҳазору як шаб»-ро ба ёди кас меоварад: Қиссаи либосбизнес дар мактаб!

Дар як сол ду бор фармоиш?

Шикояти бесобиқаи падару модарон бобати ба таври иҷборӣ ҷамъ кардани пул аз мактаббачагон барои либоси ягона бори аввал нест. Ҳол он ки тибқи нақли аксари волидон, ибтидои соли таҳсили 2015-2016 роҳбарони макотиби миёна падару модаронро маҷбур кардаанд, то ки андозаи либоси қадду бари фарзандонашонро дар худи мактаб гиранд ва пулро ба мактаб бояд супоранд. Аммо дар ин қибол баъзе аз волидайн саркашӣ карда, аз бозор ҳамон рангу ҳамон гуна либоси мактабӣ харидорӣ намудаанд, ки ба маротиб аз либоси дар мактаб фармудашуда зеботару арзонтар будааст. Бо вуҷуди ин, аз рўи сўҳбати шоҳидон бармеояд, он падару модароне, ки аз пулғундории мактаб барои либос саркашӣ карда, худашон рафта аз бозорҳо харидорӣ намудаанд, то ба имрўз муаллимон бо онҳо муносибати хуб надоштаанд.

Насимҷон Валиев, сокини шаҳри Хуҷанд аз ҳолати пешомадаи имрўз бо гиламандӣ мегўяд, ки ин ҷо мактаб аст ё сехи дўзандагӣ, ё бозори тиҷорат?

-Ростӣ, моҳи августи соли гузашта моро маҷбур карданд, ки фармоиши андозаи либоси фарзандонамонро дар мактаб гирем, ки арзиши он 200 сомонӣ буд. Ман се фарзанди мактабхон дорам, ки дар маҷмўъ 600 сомонӣ супоридам. Аммо вақте либосҳоро фарзандонам оварданд, фиғонам ба фалак печид: ягон андозаи гирифтаашон ба онҳо рост наомад, яке тангу дигаре васеъ ва бар замми ин хеле нозеб дўхта шуда буд, ки ба пули пардохткардаам ҳаргиз муносиб набуд,-мегўяд Насимҷон Валиев.

Як модари дигар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ варзид, мегўяд, ки фарзандонаш дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №47-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекунанд, айнан ҳолати дар боло зикршуда бо ў низ рух додааст.

-Вақте эътироз кардам, ки ин либос барои фарзанди ман калонтар аз андозааш аст, муаллимон маро гўё таскини дил дода гуфтанд, ки «ҳеҷ гап не, соли оянда ҳам фарзандатон метавонад, ин либосро пўшад». Аммо аз миён як сол не, 6 моҳ нагузашта, боз иддао мекунанд, ки 200 сомонӣ супорам. Гуфтам, ки тибқи ваъдаи шумо, фарзандонам соли оянда ҳам мепўшанд-ку. Аммо ба мо даъво пеш оварда истодаанд, фармон аз болосту гўё барои имсол либоси ягонаи нав муқаррар шудаасту бояд ба таври хоҳу нохоҳ боз 200 сомонии дигар супорем,- бо афсўс мегўяд мавсуф.

Аз маълумотҳои дақиқ бармеояд, ки 90 фисади мактабиёни вилояти Суғд бо сару либос таъмин ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар хонанда то ду-сеададӣ либосро доро аст. Ва инак, дубора ва маҷбуран харидорӣ кардани он чӣ маънӣ дорад? Бар замми ин, дар як соли таҳсил ду маротиба маҷбур кардани хонандагон барои нав намудани либоси мактабӣ ҷабри беҳад аст. Зеро ҳангоми бўҳрони ҷаҳонӣ ҳама кишварҳо дар ғами сарфакорианду мо дар талоши дар як сол ду бор харидорӣ кардани либоси мактабӣ.

Аз гуфтугўи ду нафар зани миёнсол дар микроавтобус ба ростӣ дилгир шудам. «Агар форма нагирад, делои бачаатро ба дастат медодаанд»- бо сўзу гудоз мегуфт яке. «Ақаллан, скидка ҳам набудааст, ба чор бача чӣ хел форма мегирифта бошам-а?!»- маҳзунона иброз дошт дигаре.

Пурсиши калидӣ ин аст, ки агар соли гузашта як намуд, имсол бошад, боз як либоси дизайни махсус ва шояд дар соли оянда ҳам ин нағмасароӣ бо шаклу шеваи нав идома пайдо мекунад?

Роҳ аз мактабу сехи дўзандагӣ то ба бозор

Суоли аҷибе ба миён меояд, ки воқеан мактаб мактаб аст ё сехи дўзандагӣ? Зеро тибқи мусоҳибаҳо бармеояд, ки дар мактаб андозаи либоси бачагонро мегирифтаанд, ки ба аксарияти бачаҳо баъди дўхтан умуман мувофиқ намеомадааст. Ба ҷуз ин, нархи дар мактаб гузошташуда нисбат ба нархи бозор ва худи сехҳои дўзандагӣ хеле фарқияти калон доштааст. Агар боваратон наояд, марҳамат ба бозорҳои «Сомон», «Панҷшанбе», «Бадри мунир» ва ғайра. Фаразан барои як толибаи синфи панҷум 1,5 метр матои юбкаву шимворӣ масраф мешавад. Дар бозорҳои фавқуззикр арзиши тақрибан якгунаро метавон дид: 1 метри он агар бо гаронтарин нарх ҳисоб кунем, 20 сомонӣ, яъне 1,5 метр 30 сомонӣ арзиш пайдо мекунад. Барои музди дўхти он бошад, 40-50 сомонии дигар масраф мешавад, ки дар маҷмўъ 80 сомонӣ арзиш дораду халос. Як куртаи бадошти оҳарии сафед дар бозор гаронтаринаш 40 сомонӣ. Дар маҷмўъ, барои синфи панҷум ҳам маълум, ки 120 сомонӣ хароҷот мешавад. Аммо имрўз дар мактабҳо аз талабагон ситонидани 165 то 215 сомонӣ чӣ мантиқ дорад? Ё ин ҷо бизнесе ҳасту мо бехабар?

-Модари се фарзанди мактабхон ҳастам. Барои фарзанди калониам соли гузашта бо иҷбори мактаб аз сехи дўзандагии «Фаррух-компания» либоси мактабии андозаи қадре калонтарро ба андешаи он, ки ақаллан ду сол ба бар мекунад, ба маблағи 180 сомонӣ харидорӣ кардем. Барои духтарчаам, ки алҳол хонандаи синфи панҷум асту ду аммабачаи мактабро хатмкарда дорад ва либоси мактабии онҳо низ бе ягон нуқсон ба ў гузаштааст, либос гирифта будам. Гумон кардам, ки то хатми дабистон аз масъалаи «формахарӣ» озод ҳастам. Мутаассифона, «тарбузам аз бағалам афтод». Имсол бояд, тибқи супориши директори мактаб, ба фарзандонам боз аз сари нав форма гирем. Ба ростӣ, ба ғазаб омадам. Охир, масъулини ин соҳаро дониши хонанда ҳисоб аст ва ё сару либоси ҳар сол навкардаи ў?-бо афсўс мегўяд як зани тақрибан 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд.

Аз гуфтаи афроди огоҳ бармеояд, ки  нархгузории либоси ягона дар мактабҳо аз бозор дида ба маротиб гаронтар будааст.

Нигаронии Раиси вилоят: матоъ на аз Чин, балки истеҳсоли ватанӣ бошад!

Дар ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти 3-моҳаи аввал Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ маҳз бобати либоси ягонаи мактабиён истода гузашт ва изҳори нигаронӣ кард, ки дўзонидани либос дар баъзе сехҳои дўзандагӣ монополия шудааст. Ба ҷуз ин, изҳори ташвиши Раиси вилоят аз он иборат буд, ки баъзе корчаллонҳо аз чунин фурсати муносиб истифода бурда, хариди матоъ ва ё либоси тайёр аз кишвари Чинро ба роҳ мондаанд. Ин эрод бесабаб набуда, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, баъзе корчаллонҳо матои синтетикӣ ва ба саломатии хонандагон зарароварро ба таври килобайъ оварда, ба намуди метрбайъ ба пул зада истодаанд, ки воқеан ояндаи нохушояндро ба дунбол дорад. Тавре аз сўҳбат бо кормандони соҳаи тиб бармеояд, аксари касалиҳои пўст аз матои ғайристандартии синтетикӣ ба ҳам меояд.

Абдураҳмон Қодирӣ таъкид бар он кард, ки бояд матоъ аз истеҳсоли ватанӣ бошад ва ҳатман тарзи дўзонидани он дар тамоми сехҳои дўзандагии вилоят ба таври густардаи рақобати солим сурат бигирад, то сехҳо бекор намонанд ва бо ин васила буҷаи кишвар бой гардад. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят 83 коргоҳи дўзандагӣ арзи вуҷуд карда, дар сурати баробар тақсим намудани фармоиши либоси мактабӣ рақобати солим ба миён меояд ва нархи дастрас барои хонандагон фароҳам мешавад. Инчунин, Раиси вилоят изҳори нигаронӣ кард, ки набояд ин супориш ба таври иҷбориву таҳмилӣ сурат бигирад, баръакс, ба мактабиёни ниёзманд имтиёз пеш оварда шавад.

Ногуфта намонад, ки дар ҷаласаи ҷамъбастӣ назорати супориши мазкур ба дўши сардори Раёсати маорифи вилоят шахсан Осим Каримзода ва раисони ҷамоату маҳалҳо вогузор гардид, то нархҳои беинсофона ва гаронтар аз бозор ба роҳ монда нашавад.

Лозим ба ёдоварист, ки Раиси вилоят ҳушдор дод, агар либоси мактабӣ аз матои чинӣ омода ва ё либоси тайёр аз Чин оварда шавад, бигзор, Агентии коррупсия ба ин ҳолат дастбакор шавад ва муҷримон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин зимн, мо низ умедворем, ки амали афроди фурсатталабу манфиатҷў аз чашми коррупсия пинҳон намемонад.

Калла ба ҷои салла?

Суоли баҳсбарангез низ ин аст, ки дар мавсими либоспулии имсола (март-апрел) ҳама бояд ба таври иҷбор харидорӣ намоянд ё ихтиёрӣ?

Сайфуллохон Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд мегўяд, ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ иҷборӣ нест.

-Чунин дастур сиёсати давлатӣ аст ва ин чизро бояд дастгирӣ намуд, ки ин масъала дар ҷаласаи ҳукумати вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Мо низ дар асоси дастур ба тамоми макотиби вилоят эълон намудем, ки бояд либоси ягона дошта бошем. Аз ин рў, интихоб ва хариди он маҷбурӣ набуда, балки дар сурати зарурат аст. Аммо ҳар касе намехоҳад, ихтиёраш. Аз ҳар гапҳои беасос овозаҳои ҳангомадор насозед,-дар посух мегўяд Сайфуллохон Раҳматов.

Ин дар ҳолест, ки дар тамоми мактабҳои вилоят истилоҳи «калла ба ҷои салла», хоҳӣ ё нахоҳӣ, бояд дар бадали 200 сомонӣ либоси ягона бигирӣ. Вагарна муносибати муаллимон бо фарзандат ба самти манфӣ тағйир мехўрад. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар ягон мактаб ин тенденсия ба таври хоҳиш ба роҳ монда нашуда, баръакс, ба таври маҷбурӣ роҳандозӣ шудааст. Бар илова, дар бобати нархгузорӣ тибқи норизогии волидон гўё беинсофона нарх монда шудааст, ки таҷаммўи зиёди волидонро ба нигаронӣ овардааст, ки тавре худи мо шоҳид шудем, ин далелҳо воқеият доштааст. Зимнан, аз рўи гуфтаи афроде, ки дар маҷлисҳои мактабӣ ширкат кардаанд, бармеояд, ки матои аз ҷониби мактабҳо пешниҳод мешуда низ қобили қабул набуда, аз ҷиҳати сифат бадошту зебо низ набудааст.

Зери коса-нимкоса?

Метавон натиҷа гирифт, ки ба либоси ягона даровардани хонандагони мактаб, ростӣ, аз ҷиҳати эстетикӣ хеле зебо ва саривақтӣ аст. Гузашта аз ин, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 либоси ягонаи мактабӣ байни муҳассилини макотиби миёна ҷорӣ шудааст.

Аммо зери коса нимкосаи ин бахш аз он иборат аст, ки чаро нархгузорӣ аз бозор фарқ мекунад? Оё дар ин маврид мақомоти дахлдори назоратӣ иқдоме карда метавонад, ки музди дўхт чанд сомониву музди матоъ чанд аст? Ё аз мавқеияти он ки Ҳукумати кишвар мехоҳад, то хонандагон либоси шинаму зебои ягона дошта бошанд, баъзе фурсатталабон дар мактабҳо дар ин долу зарб обро лой карда, моҳӣ доштан мехоҳанду соҳиби пули муфт шуданро дар сар мепарваранд?

Набиюллоҳ Суннатӣ

Add comment


Security code
Refresh