Баҳри коҳиши ришваситонӣ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии устодону шогирдон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи  ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар арзи ҳастӣ намудани Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои решакан намудани омилҳои ришваситонӣ ва ба танзим даромадани вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши бориз дорад.

Наим Маликисломов, раиси кумитаи иҷроияи  ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин марази ҷомеъа даъват менамоянд.

 Зарифзода ҳошимҷон Юсуфӣ, капитани адлия, нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ахбороти муффасал дод.

Саломзода Насимҷон, мудири шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи амалҳои ногувори ришваву ришваситонӣ сухан карда, афзуд, ки ҳарчанд дар тӯлонияти таърихи башарият имконоти пурра решакан намудани коррупсия вуҷуд надорад, аммо бо пеш гирифтани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ метавон зина ба зина сатҳи ҷинояти коррупсиониро коҳиш дод, ки ин амри воқеият аст.

Зимни мулоқоти озод донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ аз меҳмонон посух гирифтанд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Add comment


Security code
Refresh