Саодати кишвар ва густариши илм

Маҳфили “Ганҷи сухан” ҳар моҳ як маротиба аҳли дил ва аҳли суханро ба ҳам меорад ва аз бузургтарин ҳадяи яздонӣ - сухан ҳарф мезанад.

Маҳфил соҳиби фаслнома гардида, нишасти 145-умини он бахшида ба Рўзи Парчам ва солгарди мавлуди асосгузори маҳфил - донишманди маъруфи тоҷик, шодравон Абдулманнон Насриддин дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар маҳфил таҳти унвони “Пайғоми фараҳбахш”  номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов, “Саодати кишвар ва густариши илм”- ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ, “Чароғи рўшани илму адаб”- мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои филология, дотсент Тоҷибой Султонзода, “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ”-муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Башорат Алиева,  ”Аз Дирафши Каён то Парчами Тоҷикистон”- сардори шўъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филология, дотсент Ислом Раҳимов баромад намуданд.

Ба ифтихори солгарди милоди бунёдгузори маҳфили “Ганҷи сухан” дар мавзўи “Доир ба куллиёти осори устод Абдулманнони Насриддин” - директори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалимҷон Зоиров баромад намуд. Дар мавзўи “Устод Абдулманнон Насриддин дар дилу дидаҳо”-дўстон, ҳамкорон ва шогирдон, аз он ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона сухан карданд. Дар интиҳо доктори илмҳои филология, профессор Фахридин Насриддинов аз ҳамкорону дўстон ва шогирдони падари хеш изҳори сипос намуд.

Сипас, шеърхонии адибон ва сурудҳои ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба аҳли нишаст таасcуроти хотирмон бахшид. Дар поёни маҳфил ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маърўзачиён ва фаъолони маҳфил тақдим шуданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh