Ҳалли мушкилот ва дарёфти роҳҳои инкишоф

Рушди минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба робитаи он бо давлатҳои минтақа ва ҳамсоякишварҳо бастагии қавӣ дорад. Маҳз чунин робитаҳо имкон фароҳам меоранд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо бобати ҳалли мусбии мушкилоти ҷойдошта, дарёфти роҳҳои судбахши инкишофу ҳамкориҳо муваффақ бошад. Мавзўи конференсияи илмию амалии байналхалқие, ки санаи 25 ноябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот ва роҳҳои инкишоф» ҷараён гирифт, фарогири чунин масъалаҳои муҳим маҳсуб меёфт.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмию амалӣ, ки дар толори бинои нави таълимии донишгоҳ ба вуқўъ пайваст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед ҳабибулло сухан карда, аз тақвияти корҳои илмӣ дар маъвои маърифат, ҳамкориҳои судбахши он бо кишварҳои дуру наздик, баррасии масъалаҳои муҳими илмии рўз ёдовар гашт. Мавсуф меҳмононро аз муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба маъвои маърифат хайрамақдам гуфта, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории ин ҳамоиши илмӣ таманнои нек изҳор намуд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсияи илмию амалӣ намояндаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ифтихор Мухторов сухан карда, таманиёти самимии хешро ба кори муваффақонаи  ин ҳамоиши байналхалқӣ баён дошт.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин ҷаласа иштирокдорону меҳмонони ҳамоиш – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф.В.Фетюков (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал, Федератсияи Русия) дар мавзўи «Ҳамкории байниминтақавии Федератсияи Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ», номзади илмҳои таърих Ҷ.Исомитдинов (ДДҲБСТ, Тоҷикистон) дар пайванд ба мавзўи «Саҳми Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ», номзади илмҳои таърих Б.Алимов (ДДҳБСТ, Тоҷикистон) перомуни мавзўи «Саҳми Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди муносибатҳои давлатҳои Осиёи  Марказӣ», олими шинохта Аскаралӣ Мирмахмедов дар мавзўи «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои соҳибистиқлолият» маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Сипас, конференсияи илмию амалӣ кори худро дар бахшҳо идома бахшид. Дар ҷараёни суханрониҳо вобаста ба дарёфти ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта маърўзаҳо ва андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ шунида шуданд.

Анварҷон ҒАФУРОВ,
шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh