Муассисаҳои таълимӣ ба зимистон омодаанд!

Тўли ҳафтаест, ки мардуми ҳанўз ба зимистон омоданабудаи кишвар, бахусус вилоят аз сардии ҳаво ҷомаи гарм ба бар кардаанду дар андешаи чӣ тавр гарм кардани манзилҳои истиқоматии хешанд. Сардии ҳаво на танҳо аҳолии кишвар, балки масъулини соҳаҳои маорифу тандурустиро низ ба ташвиш гузошт. Оид ба то чӣ андоза омода будан ба зимистони имсола ва якбора сард омадани ҳавою чораандешӣ нисбат ба он дар мавсими тирамоҳ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон бо иҷрокунандаи мудири шўъбаи маорифи шаҳр Мирҷумъа Бобоев ҳамсўҳбат шуда, интихобан аз якчанд мактаб дидан кардем.

Зимни сўҳбат М. Бобоев гуфт, ки шўъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» нақшаи чорабинӣ таҳия намуда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то санаи 1-уми сентябри соли равон ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурра ба давраи тирамоҳу зимистон омода карда шудаанд.

Алҳол ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр маводҳои сўзишвориро (ангишт, ҳезум, сўзишвории генератор) захира карда, шишабандии қабати дуюми тирезаҳо, ки ба нақша гирифта шуда буд, ба анҷом расониданд.

Қайд бояд кард, ки барои ин давра аз ҳисоби бақияи ангишти мавсими соли гузашта 33 тоннаю 849 кг ангишт захира карда шуда, бо харидорӣ намудани 213 тоннаю 620 кг ангишт дар соли ҷорӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ 247 тоннаю 470 кг ангишт захира карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 111,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Захираи ҳезум дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон 245 мЗ, шишабандии қабати дуюм 370 м2, сўзишвории дизелӣ 280 литр ба нақша гирифта шуда, то имрўз нақшаи шишабандӣ ва захираи ҳезуму сўзишвории дизелӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

Яке аз ин муассисаҳо мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми Ҷамоати Чоруқдаррон мебошад. Муассиса имрўз барои зимистонгузаронӣ омода буда, дар синфхонаҳо манбаи гармидиҳӣ мавҷуд аст. Оинабандии тирезаҳо ба пуррагӣ ба иҷро расида, печҳои бухорӣ васл карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар давраи зимистонгузаронии имсола мактаб бо хатти барқи озод таъмин аст. Тамоми синфхонаҳо бо тафдонҳои бухорӣ таъмин буда, барои зимистонгузаронӣ тайёр мебошанд. Анбори муассиса 9 тоннаю 720 кг ангиштсанг ва 10 м3 ҳезумро нигоҳдорӣ менамояд, ки гувоҳ аз омодагӣ ба фасли зимис-тон аст.

Бояд гуфт, ки мақсади асосии кормандони соҳа бомуваффақият гузаронидани зимистони имсола мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh