Ёдкарди олимони барҷастаи тоҷик

Ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар доир гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи умумитаълимии донишкада Зафар Раҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки арҷ гузоштан ба осори гаронмояи ин мутафаккирони барҷаста барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ такконе хоҳад бахшид.

Устодони донишкада, номзади илмҳои фалсафа Абӯбакр Шодиев ва номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи зиндагӣ ва осори ин файласуфон, ки дар асрҳои 9 ва 10 зиндагиву эҷод кардаанд, гузориши муфассал доданд. Дар суханронии онҳо қайд шуд, ки бо вуҷуди гузашти беш аз 1000 сол то ҳанӯз асарҳои безаволи файласуфон дар илми муосири имрӯза, аз ҷумла тиббу иқтисодиёт фаровон истифода бурда мешаванд.

Ҳаким Тирмизӣ ҳамчун олим, файласуф ва тасаввуфшинос замони зиндагии худ беш аз 400 асарҳои илмӣ навишта, забон ва фарҳанги миллати тоҷик ва форсро ба оламиён муаррифӣ кардааст. Закариёи Розӣ бошад, ҳамчун донандаи хуби илмҳои тиб дар кишварҳои Арабу аҷам ном баровардааст. Ӯ аввалин касест, ки тибро ба амалия пайвастааст.

Дар фарҷоми мизи мудаввар донишҷӯён ба саволҳои худ оид ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагинома ва эҷоди ин нобиғагони миллат посухҳои мушаххас гирифтанд.  

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh