Замира Рустамова, ғолиби озмуни вилоятии «Омӯзгори соли 2016»

Ҳамасола бо мақсади дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар мактабҳои кишвар озмуни «Омӯзгори сол» миёни кормандони соҳаи маориф барпо мегардад. Тавре қаблан иттилоъ дода будем аз 17 нафар Ғолибони «Омӯзгори соли 2016» аз шаҳру навоҳии вилоят 6 нафар омӯзгорони пешқадаму навовар ба даври ниҳоии вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон Ғолибони даври аввали вилоятӣ-омӯзгорон Замира Рустамова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Назира Алиева, шаҳри Панҷакент, Нодирҷон Қодиров, ноҳияи Ашт, Насимахон Раҳматова, шаҳри Хуҷанд, Санавбар Қодирова, ноҳияи Деваштич ва Азмиддин Убайдов, ноҳияи Масчоҳ аз рӯи ду шарт- санҷиши дониши назариявӣ ва муаррифии таҷрибаи корӣ бо ҳам вориди рақобат шуданд.

Дар натиҷа Замира Рустамова, омӯзгори забон ва адабиёти мактаби болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани холи аз ҳама зиёд Ғолиби озмуни вилоятии «Омӯзгори соли 2016»  дониста шуд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh