Қадами аввалин дар ягонагию дӯстии халқҳо

Барои ҳар шахс донистани забон ниҳоят муҳим мебошад, зеро забон воситаест, ки бо он инсон олами ботинӣ, шодиву ғам, фикру эҳсоси худро ифода карда, аз дунёи каси дигар огоҳӣ пайдо менамояд.

Бо воситаи забон инсон расму ойин ва фарҳанги дигар халқу қавмҳоро меомўзад. Омўхтани тамаддуни мардумӣ дар дили инсон ҳисси рафоқат, бародарӣ, дилсўзиву меҳрубонӣ нисбати дигар афродро пайдо менамояд. Донистани дигар забон ин эҳтиром намудани арзишҳои фарҳангии ҳамон миллат мебошад. Дар баробари ин барои пешсаф будан дар омўзиши забони дигар одам бояд пеш аз ҳама ба забони модарии худ сухандон гардад. Чунин фармуда:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Албатта, забони мо-тоҷикӣ ё худ форсии дарӣ, ки тўли қарнҳо асолати худро гум накарда, то ба мо расидааст, худ гувоҳи қавиирода ва матин будани халқи мо - тоҷиконро нишон медиҳад.

Айни ҳол дар дунё беш аз 7000 забон вуҷуд дошта, ҳар як аз онҳо дар навбати худ нотакрор ва беҳамто мебошанд. Ин забонҳо дар алоҳидагӣ ҳаёт, маданият, расму ойин, мероси адабиву фарҳангӣ ва зиндагии ин ё он қавм, миллат, диёр ё мамлакатро инъикос мекунанд.

Нафаҳмидани забони дигар, ҷудо кардани одамон аз рўи мансубияти забонӣ метавонад ба низоъҳои ҷиддӣ, ранҷидани дили одамон аз ҳамдигар, бегона шудани одамон ва ҷангҳо боис гардад. Монеаи забонии вуҷуддошта ба муошират халал расонида, маҷрои иттилоотиро бозмедорад. Одамоне, ки забони хориҷиро аз бар накардаанд, дар бештари маврид аз аҳодиси ҷаҳони муосир тасаввуроти маҳдуд ё яктарафа доранд.

Омўзиши забонҳо бошад, ворид шудан ба олами пуртароват буда, донистани дигар забон моро ба фаҳмиши фарҳанг, маданият, беназирии рўҳонӣ ва худи ҳастии дигар халқу миллат мебарад, ки дар натиҷа дар дили инсон нисбати дигарон ҳуввият пайдо мегардад. Ҳуввият ва эҳтироми забон ва фарҳанги дигар халқ бошад, моро ба ҷаҳонишавии тамоми ҷомеаи инсонӣ бурда мерасонад. Ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, муҳаббат, баробарӣ, эҳтиром байни ҳамаи халқҳои дунё ба ҷангу харобиҳо, зиддияту муқобилиятҳо ва ҷудоиҳо хотима мебахшад. Ин боис мегардад, ки пешравии ҳар як шахс дар алоҳидагӣ ва ҳамаи ҷомеаи инсонӣ дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад. Тараққиёт, ки омили ҳамешагии инсоният аст, танҳо ҳамон вақт ба таври мукаммал насиби мо мегардад, ки ҷангҳо, задухўрдҳо, ҷудоиандозӣ ва бегонагӣ набошад.

Ҳамаи ин бо омўзиши забон, бо эҳтиром нисбати дигар халқҳо, бо хуб донистани забони хеш ва бо саъю кўшиши худи мо оғоз мешавад. Донистани забонҳои дигар имкон медиҳад, ки ҳаммароми мутақобили судманд дар илм, маориф, иқтисодиёт, тибб, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шавад. Халқҳои дунё барои ҳалли масоили глобалӣ ба монанди дигаршавии иқлим, эпидемияи СПИД, мубориза алайҳи бемории сил, терроризм ва экстремизми динӣ, малярия, гепатит, норасоии оби нўшокӣ ва хўрокворӣ, рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ, сохтан ва истифодабарии технологияҳои навтарин, муҳоҷират ва дигар соҳаҳо муттаҳид гардиданд.

Албатта, ин муттаҳидшавӣ бе донистани забон муяссар намегардад. Ин ваҳдати олами инсонӣ бо забондонӣ тавъам аст.

Умеда ҶУМАЕВА,
донишҷўи соли сеюми факултаи
забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh