Мақcад: Беҳбудии сифати таълим

Дирўз дар бинои таълимии № 1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози нишаст Анвар Мақсудӣ аҳли ҷамъомадро бо дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар самти бунёд ва азнавсозии озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ, махсусан фанҳои химия ва биология амалан шинос намуд.

Бино ба иттилои декани факултаи биология ва химия Шаҳнозахон Мирзобаҳодурова, давоми ду соли охир танҳо дар факултети биология ва химия 9 лабораторияи фарогир бо дастгоҳҳои ҷадиди муосир таъсис ва ба истифода дода шуданд. Имрўз донишҷўён дар лабораторияҳои номбурда дарсҳои амалӣ ва озмоиши худро бо истифода аз асбобҳои муосири модели охир корбарӣ ва дар амалия татбиқ намуда истодаанд. Осорхонаи биологии донишгоҳ ба номи Раҳмон Мирзобаҳодуров муаррифӣ карда шуд, ки дар он нодиртарин намунаҳои ҳайвонот, хазанда, ҳашарот, паррандаҳо нигоҳдорӣ ва омўзонида мешавад. Қайд гардид, ки осорхона таърихи беш аз 80-сола дошта, дар вилоят ҳамто надорад.

Анвар Мақсудӣ зикр дошт, ки алъон дар донишгоҳ 488 синфхонаи таълимӣ, 101 лаборатория, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаи электронӣ, 304 проектор, 1200 компутери фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабораторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи тариқи нахи оптикӣ амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад. Китобхонаҳои марказӣ, рақамӣ ва электронӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъол аст.

Дар рафти азназаргузаронӣ аз бинои донишгоҳ маълум гашт, ки факултаҳои бинои таълимии №1 аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, утоқҳои он пурра бо камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти таълимии муосир муҷаҳҳазонида шуда, шароити хуб ҳам барои омўзгорон ва ҳам донишҷўён муҳайё мебошад.

Боиси зикр аст, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии аспирантон ҳамасола стипендияи Раиси вилояти Суғд муқаррар шудааст. 6 нафар донишҷўёни донишгоҳи мазкур ба гирифтани ин стипендия мушарраф гаштаанд.

Дар бобати ҳамкориҳои байналхалқӣ Мақсудӣ гуфт, ки донишгоҳи мо бо 29 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷии дуру наздик тибқи шартнома ҳамкорӣ менамояд. Яке аз навоварӣ дар ин самт соли 2016 донишгоҳ бо Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Белорус бо мақсади якҷоя тайёр намудани мутахассисон дар доираи 9 ихтисоси барои Тоҷикистон муҳим шартномаи тарафайн баст.

-Хобгоҳи рақами 1, ки наздик 20 сол инҷониб аз фаъолият бозмонда буд, барои 400 нафар донишҷўёни тибқи квота таҳсилкунанда ба истифода дода шуд. Корҳои таъмири куллӣ дар ошёнаҳои хобгоҳи рақами 9 идома дошта, таъмири хобгоҳи рақами 2 низ дар солҳои минбаъда дар назар аст, - афзуд ректори донишгоҳ.

Дар фарҷом байни роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh