Дастовардҳо афзун мегарданд

Зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода зикр намуд, ки донишгоҳ дар ҷараёни фаъолият зина ба зина ҷониби оянда қадамҳои устувор гузошта, дастовардҳои хешро афзун мегардонад. Далели ин гуфтаҳо тибқи мониторинги Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 33 мактаби олии касбии мамлакат ба қатори даҳгонаи беҳтарин дохил гардидани донишгоҳ аст.

Соли 2016 тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ 1371 довталаб қабул гардиданд, ки дар ин замина иҷрои нақшаи қабули донишгоҳ 96 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон, 120 нафар барои гирифтани таҳсилоти дуюм ва 196 нафар барои таҳсил дар магистратура қабул шуданд. Раёсати донишгоҳ пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани сифати таълим тадбиру чораҳои мушаххас меандешад. Айни замон теъдоди аспирантон 54 нафарро ташкил дода, аз инҳо 16 нафар тариқи рўзона ва 38 нафар ғоибона таҳсил мекунанд. Беш аз 160 нафар унвонҷў корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебаранд.

Имрўз донишгоҳ бо 48 муассисаи илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Соли 2016 ҳамкориҳои хориҷии донишгоҳ вобаста ба чор самти фаъолият роҳандозӣ гардид. Боиси ифтихор аст, ки моҳи ноябри соли 2016 бо иштироки намояндагони 12 донишгоҳи Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохўрии ҷамъбастии лоиҳаи INOCAST дар донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва паҷўҳишоти илмӣ дар соли 2016 шўъбаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ силсилаи корҳои судбахшро ба иҷро расонд.

Дар идомаи нишаст байни ректори донишгоҳ, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ва хабарнигорони васоити ахбори умум вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, рўзноманигор Абдувосит Салимзода бобати бо ҷои корӣ таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ, рўзноманигори “Ҳақиқати Суғд” вобаста ба қабули донишандўзон ба мактабҳои олии касбии Русия тариқи Маркази миллии тестӣ ва муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта, Нўъмон Раҷабзода - аз ҳафтавори «Омўзгор» оид ба масъалаи интишори маводҳо дар матбуоти даврӣ вобаста ба фурўши дипломҳои мактабҳои олии касбӣ, ҳамчунин забономўзии донишандўзон дар боргоҳи илму маърифат, Маҳмуд Аҳроров - аз ШТР «Танин» вобаста ба вазъ ва сабабҳои хориҷнамоии донишҷўён аз донишгоҳ, имтиёзҳо ба ятимони кулл дар муассисаи таълимӣ, масъалаи бо нақлиёти шахсӣ ҳозиршавии муҳассилин ба донишгоҳ ва ғайраҳо муроҷиат карданд.

Доир ба ин саволҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh