- Мо аз дастгирии Раиси вилоят сипосгузорем

- изҳор доштанд омўзгорон, ки дар осоишгоҳи «Шифо» бо табобату истироҳат фаро гирифта шудаанд

Бо мақсади арҷгузории заҳмати омўзгорон ва шогирдонашон, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, қарори Раиси вилоят “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии омўзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят” ба тасвиб расида, мутобиқи он, омўзгорони муассисаҳои таълимии вилоят ва шогирдонашон, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, мукофоти яквақтаи пулӣ то 15 ҳазор сомониро соҳиб шуданд. Дар ин радиф 100 нафар омўзгори пешқадам ва собиқадорони соҳа, ки шогирдонашон дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ мақоми ифтихориро касб намудаанд, низ имрўзҳо дар осоишгоҳи «Шифо»-и шаҳри Гулистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.

Зикриддин Зунунхўҷаев - омўзгори фанни таълими ибтидоии ҳарбии муассисаи таълимии ғайридавлатии «Амид»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров иброз медорад, ки истироҳаташ дар осоишгоҳ хуш мегузарад.

- 25 соли фаъолияти меҳнатиам дар соҳаи маориф баръабас нарафтааст,- мегўяд Зикриддин. - Заҳмати чандинсола, омўзишу ворид намудани навгониҳо ба ҷараёни таълим, истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва аёнӣ дар дарс подоши нек овард. Ҳарчанд таълими ибтидоии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ мушкилиҳои худро дораду омўзгорон аз нарасидани китобҳои дарсӣ ва набудани мутахассис изҳори нигаронӣ доранд, кўшиш ба харҷ медиҳам, то шогирдонамро дар рўҳияи ватандўстиву худогоҳӣ, зебоипарастиву хештаншиносӣ тарбия намоям. Барои ин диққати аксари омўзгорони фанни тарбияи ҷисмонии макотиб ба ин фан ҷалб карда шудааст. Хонандагони бомаҳорати муассисаи таълимии ғайридавлатии «Амид» борҳо дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Шояд натиҷаи дастовардҳои пай дар пай ва кўшишу заҳмати чандинсолаам дар ҷодаи касби интихобкардаам буд, ки имрўз бо дастгирии давлату ҳукумат дар канори Баҳри тоҷик истироҳати бофароғат дорам, - андешаҳояшро баён медорад Зикриддин Зунунхўҷаев.

Зебо Ҷўраева - омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз ноҳияи Деваштич: - Чеҳраҳои гарму муомилаи нарми кормандони истироҳатгоҳ муҳаббати маро нисбат ба касби пешакардаам афзуд. Давоми 21 соли фаъолияти меҳнатиам борҳо ба комёбиҳо ноил гашта бошам ҳам, ҳеҷ гоҳ то андозае, ки алҳол маро хушнудию ифтихор фаро гирифтааст, набуд. Зеро дар баробари муомилаи хуш кормандони осоишгоҳ тавонистанд, бо малеҳсуханиву ширинзабонӣ худ доруи дарди маризон гарданд. Аз онҳое, ки дар ин кори хайр иқдом кардаанд, сипосгузор хоҳем буд. Ва кўшиш мекунем, ки баҳри ба воя расонидани ворисони арзанда тамоми ҷидду ҷаҳдамонро равона хоҳем кард.

Зафар Кимсанов-омўзгори фанни технологияи информатсионии мактаби хусусии ба номи Очилбой Ҷўраеви шаҳри Конибодом ҳамагӣ 5 сол собиқаи корӣ дорад. Тааҷҷуби ҳампешагонаш дар мавриди чӣ тавр ба рўйхати нафарони қадрдонишаванда ворид шуданаш буд. Ҳарчанд омўзгор хоксорӣ мекунад, аммо меарзад, ки имрўз дар қатори саднафарон ҷой гирифта бошад. Зеро бо вуҷуди ҷавониаш тавонист, шогирдони бомаҳоратро тарбия карда, то сатҳи вилояту ҷумҳурӣ бардорад. Шогирдонаш Аслиддин Тоҳиров ва Достон Иброҳимов ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ дониста шудаанд. Зафарҷон мегўяд, ки барои ба даст овардани муваффақият синну сол набояд нақш бозад. Заҳмату талош, кўшишу ғайрати пайваста, корбарӣ бо шогирдон, муҳим аз ҳама дўст доштани онҳову касби пешакарда метавонад, ба зинаҳои баланди камолот оварда расонад. Ў аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, Раёсати маорифи вилоят, таваҷҷўҳи онҳо нисбат ба соҳаи маориф, қадрдонии омўзгорону толибилмон миннатдор буда, дар ҷодаи расидан ба қуллаҳои баланд кўшиш ба харҷ медиҳад.

Вайдулло Аҳруллоев-роҳбари маҳфили «Гурўҳи олимпӣ»-и мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров андешаҳояшро нисбат ба фаъолияти осоишгоҳ чунин иброз медорад:

- Пеш аз ҳама, намудҳои гуногуни табобат, ки барои ҳамаи мо - муолиҷагирандагон бениҳоят зарур аст, дар ин осоишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Муолиҷаҳои иқлимӣ, нафаси намакӣ, гармӣ, сўзандармонӣ, физиотерапияи табиӣ, муолиҷа бо муми кўҳӣ, сандалии барқӣ, УВЧ, дарсонвал, седан, амплидин, таҷҳизоти ултрасадо, ҳуҷраҳои масҳи дастӣ, механикӣ ва маҳси вибраторӣ, ки ба муолиҷагирандагон аз ҷониби духтурони соҳибтаҷриба тавсия мешавад, дар ҳақиқат дорую дармони ҳар яки мост. Аз ҳама муҳимаш, усули муҳимтарини шифобахшии беморон дар ин осоишгоҳ суханшифоист. Аз роҳбарияти давлату ҳукумат басо миннатдорем, ки барои мо, омўзгорон таваҷҷўҳ зоҳир намудаанд.

Замира Рустамова – ғолиби озмуни «Омўзгори сол-2016» буда, зиёда аз 20 сол инҷониб ба шогирдон дарси суханварӣ меомўзонад. Худро хушбахт меҳисобад, ки дар баробари ба даст овардани ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат ба осоишгоҳ низ насибаш гаштааст. Барои табобату истироҳат дар «Шифо» тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуд буда, ҳуҷраҳои тиббиву толори варзишӣ барои сари вақт шифоёбӣ мададрасонанд. ҳамчунин, дар эътилоф бо тиб яке аз муолиҷаҳои асосӣ табиат буда, Баҳри тоҷик, дар канори он минтақаи истироҳатӣ, боғи сарсабз ва дарахтони мевагӣ ҷойгир шудааст. ҳамаи ин эҷод, иқлими беназир бо зебогии худ ба чашм писанд омада, табъи касро болида мегардонад ва боиси оромии асаб мебошад.

Замирахон иброз медорад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Раиси вилоят кўшиш ба харҷ медиҳад, шогирдони арзандаи диёрро ба воя расонида, баҳри ояндаи Тоҷикистони биҳиштосо дучанд меҳнат намояд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh