Ифтитоҳи Мактаби хусусии “Акрам” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен

Санаи 1-уми сентябри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Спитамен ташриф овард.

Зимни ин сафар Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими баистифодадиҳии Мактаби хусусии “Акрам” иштирок намуд. Мактаби хусусии “Акрам” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ҷойгир буда, он бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Олимҷон Юлдошев бунёд гардидааст. Бинои таълимӣ аз ду ошёна ва 12 синфхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ мешавад.

Зимни боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки мактаби хусусӣ дар масоҳати 0,37 га сохта шуда, он дорои ошхона бо 100 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои 20 нафар, толор бо 100 ҷойи нишаст ва утоқҳои фаннӣ мебошад. Барои фаъолият дар мактаб 20 нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз ноҳияи Спитамен, шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷалб гардидаанд. Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба омӯзиши касбу ҳунар дар Мактаби хусусии “Акрам” маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва рӯзгодориву шоҳмотбозӣ ташкил карда шудааст.

Дар аснои суҳбат бо хонандагон ва устодону сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлол Раиси вилоят ифтитоҳи мактаби наву замонавиро туҳфаи арзанда ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол ба сол рушд ёфта, теъдоди муассисаҳои таълимии хусусӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Раиси вилоят ҳамзамон аз хонандагон даъват ба амал овард, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва касбу ҳунар диққати махсус зоҳир намоянд.

Ба мактаби нав аз номи Раиси вилоят маҷмӯи компютер ва принтерҳо, инчунин ба беш аз 50 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ туҳфа карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh