“ПАРВОЗИ ОРЗУ”: Эҳдо ба кўдакони босаодат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид доштанд, ки тарбияи насли наврасро бояд аз кўдакистон оғоз намуд. Маҳз бо ин иқдоми Пешвои миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сўҳроб Маҳмудов кўдакистони замонавӣ дар арафаи ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Раиси вилоят бо буридани лентаи рамзӣ вориди бино шуда, аз утоқҳои кўдакистон дидан намуда, ба машғулият ва хушҳолии кўдакон мароқ зоҳир кард. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар 6 гурўҳ 150 кўдак фаро гирифта шуда, 22 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонии кўдакистони мазкур моҳи январи соли 2015 дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Сўҳроб Маҳмудов оғоз гардида, дар арафаи ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят ҳини боздид аз кўдакистон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми соҳибкорро боиси дастгирӣ арзёбӣ кард.

Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамъомаде, ки дар саҳни кўдакистон бо иштироки волидайн, сокинони ҷамоат баргузор гардид, сухан ронда, таъкид кард, ки баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мардум ба муассисаҳои томактабӣ бояд соҳибкорон фаъолнокӣ зоҳир намуда, баҳри бунёди кўдакистонҳои наву ҳозиразамон саҳми худро гузоранд.

Дар маҷмўъ, дар вилоят алҳол зиёда аз 249 муассисаи томактабӣ амал мекунад, ки дар он 40 ҳазору 777 нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 34 кўдакистон мавҷуд буда, 4 ҳазору 828 нафар кўдак тарбия мегирад. Аз ин миқдор 18 кўдакистони давлатӣ, 3 кўдакистони томактабии ташкилотҳо ва 13 ададро кўдакистони хусусӣ ташкил медиҳад.

Ковченко Лариса Ивановна – мудири кўдакистони хусусии «Парвози орзу» миннатдориашро ба Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошта гуфт, ки дар оянда бо истифода аз усулҳои беҳтарини муосири таълиму тарбия фаъолият бурда, кўдаконро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, ростқавливу меҳнатдўстӣ тарбия менамояд.

Фарида Комилова - сокини деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов дар сўҳбат миннатдориашро ба роҳбарияти вилояту ноҳия изҳор намуда гуфт, ки кўдакистон шароити хеле хубро доро буда, боварӣ дорем, ки фарзандони мо бо тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh