Мақоми забон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Аз ин рў, тамоми дигаргуниҳои ҷомеа дар забон инъикос меёбад. Масъалаи густариши забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ин муқаддасоти миллӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни Истиқлолияти давлативу сиёсии мо мебошад. 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шўрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиноси мо равона гашта, аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд.

Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми ноябри соли 1995 таҳти рақами 662 «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ёфт.

Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 1997, таҳти рақами 459 Барномаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид ва баъдан дар таҳрири нав 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» бо Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 тасдиқ гардид.

Таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллии мардуми тоҷик ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавии сокинони ҷумҳурӣ, риояи меъёрҳои адабӣ, муаррифӣ ва таблиғи забони давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ ва омўзиш қарор гирифт.

Соли 2008 бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардида, ин иқдоми накў хеле саривақтӣ ва нишонаи ғамхории беназир буда, боз як далели арҷгузории фарҳанги миллӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин талаботҳоро, яъне «ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад», «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд», «ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад» муқаррар кардааст, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Инчунин, тибқи талаботи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» чунин омадааст:

- Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ гардидааст, ки ин ҳимояву пуштибонии давлат аз забони тоҷикӣ мебошад.

Боиси ифтихори мо-тоҷикистониён аст, ки имрўз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар, диёри соҳибистиқлоли мо рўз то рўз ободу зеботар мегардад ва аз ин рў, мавқеи байналхалқии мамлакатамон дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барўмандтарин муқаддасоти миллати мост ва онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кунем. Аз ин лиҳоз, Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди халқҳо буда, моро ба сўи Ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд.

Президенти кишвар ҳамеша дар баромадҳои худ барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ таъкид мекунанд, ки аз таваҷҷуҳи эшон шаҳодат медиҳад ва борҳо зикр кардаанд, ки "Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст". Сарвари давлат бо муносибат ва ғамхориҳои хеш нисбат ба забони тоҷикӣ собит намудаанд, ки ҳамчун Раиси ҳукумат барои ҳифзи асолат ва тозагии он талош карда, пуштибони он ҳастанд.

Бояд зикр намуд, ки забон яке аз нишонаҳои асолат, тамаддун ва миллати комил буда, ҳамқадами ҷамъият ва бо таърихи халқ тавъам масири тўлониро тай намудааст. Дар асари арзишманд ва пурмуҳтавои "Забони миллат- ҳастии миллат" зикр гардидааст, ки "танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад".

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки бар сари он чӣ мусибатҳое оварда ва зарбаҳои муҳлик ба пайкараш зада шуданд. Борҳо хостанд аз реша нобуд кунанд ва бо ҳамин ният сад теша бар решапайвандаш задаанд, то фарру шукуҳи худро аз даст диҳад, вале аз ин захмҳо, чун дарахтеро, ки шохаҳояшро мезананд, ҷавонтару равонтар шуд. Аз таъсире, ки забонҳои бегона ба воситаҳои мухталиф ба забони тоҷикӣ расониданд, на танҳо асолати он коста гардида, ба таҳаввулоти сохториву маъноӣ дучор нагардид, балки таркиби луғавии он аз ҳисоби воҷаву таркибҳои иқтибосӣ бою рангин шуд, ки ин далели устувориву пойдории ин рукни ҳастӣ ба шумор меравад.

Имрўз ба мисли забони тоҷикӣ кам забонеро метавон пайдо намуд, ки осори хаттии ҳазорсолааш салису равон ва шевову мафҳум бошад. Зеро ин гуна тақдир на ба ҳамаи забонҳо насиб гардидааст. Аз ҷумла, забони англисӣ, ки имрўз дар арсаи байналмилалӣ шуҳрати зиёд дорад, осоре, ки чанд садсола қабл аз ин бо ин забон таълиф шудаанд, барои имрўзиён нофаҳмоанд ва танҳо мутахассисони соҳа ба воситаи луғатномаҳои виҷа дарки матолиби онҳо мекунанд. Зеро, ин забон ба таҳаввулоти ҷиддӣ рў ба рў шудааст. Аммо вақте Одамушшуаро Рўдакӣ, ки ҳазору саду чанд сол қабл аз ин зиндагӣ кардаву гуфтааст:

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс,

Бода пеш ор, ҳарчӣ бодо бод!

барои тоҷикзабони муосири мо фаҳмидану дарки матлаб кардан басо осон аст ва чунон менамояд, ки ин абётро яке аз ҳамзамонони мо гуфта бошад.

Боиси ифтихору боландагӣ аст, ки дар даврони Истиқлолият таълифи чандин фарҳангномаҳои муътабар ва интишори осори паҷуҳишӣ дар заминаи забоншиносӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои таҳким бахшидан ба равнақи ин забони малакутӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Забони тоҷикӣ хеле қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чӣ дар гузашта ва чӣ дар рўзҳои мо ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонаи худро эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони давлати бузурги тоҷикон - давлати Сомониён забони тоҷикӣ мақоми хоса дошт. Боз як нукта ҷолиби зикр аст, ки баъд аз барҳам хўрдани давлати Сомониён дар тўли чандин аср сарфи назар аз он, ки халқи тоҷик тобеи шоҳону хонҳо, амирони ғайритоҷик буд, забони тоҷикӣ мавқеи давлатии худро нигоҳ дошт. Яъне, дар замони ҳукмронии сулолаҳои гуногуни давлатдорон, аз қабили Ғазнавиён, Салҷуқиён, Чингизиён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён тамоми муомилаву муносибати дохиливу хориҷии давлат, дипломатия, ҳуҷҷатнигоҳдорӣ тавассути забони тоҷикӣ сурат мегирифт.

Д.БОБОҶОНОВА,
и.в.мудири кафедраи
умумидонишгоҳии забони тоҷикии
Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh