Дастгирии аҳли маориф рисолати нек аст!

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар қаламрави вилоят як қатор муассисаҳои таълимии ҷавобгў ба талаботи замон сохта, мавриди истифода қарор дода шуда истодааст, ки ин амр бевосита нишони эҳтиром ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф мебошад, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд. Сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, таъмини шароити хуби меҳнатии омўзгорон ва беҳдошти аҳволи иҷтимоӣ аз он дарак медиҳад, ки эътибори пайвастаи Пешвои миллат ба ин самт хеле назаррас аст.

Барои бомуваффақият гузаронидани истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии кормандони соҳаи маориф тибқи барномаи махсус иқдоми шоистаеро амалӣ намуд. 5 июли соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2017” ба тасвиб расида буд. Тибқи банди дуюми Қарори мазкур барои солимгардонии кўдакону наврасон аз оилаи ниёзманд ва ятимон маблағи муайян ҷудо гардид. Барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани истироҳати кўдакон бо ҷонибдории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ситоди тобистона таъсис дода шуд. Дар ҷараёни амалӣ гардонидани барномаи судманд сохторҳои марбута аз ҷониби Раиси вилоят дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Самараи ғамхориҳои саривақтии Раиси вилоят буд, ки нақшаи қабули мактаббачагон ба истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар аксар лагерҳо барзиёд иҷро гардида, истироҳаткунандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят таътили тобистонаи худро дар сатҳи зарурӣ гузарониданд.

Бо пайгирӣ аз дастур ва супоришҳои маорифпарваронаи Раиси вилоят Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд аз ҳисоби худӣ дар лагери Маркази солимгардонии “Суғд” барои қабули кўдакону наврасон тамоми шароитро фароҳам сохт. Соли равон Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ошхона, хонаи даромадгоҳ, гирду атроф, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзи шиновариро аз таъмир бароварда, сафи қабули кўдакону наврасонро афзун сохт.

Мувофиқи нақшаи пешакии тарҳрезишуда мебоист 450 нафар ба истироҳат фаро гирифта шаванд, вале дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас маҷмўан дар чор баст зиёда аз 780 нафар кўдакону наврасон ҷалб гардиданд, ки аз онҳо 56 нафар ятим ва 468 нафар аз оилаҳои камбизоат буданд.

Бо мақсади қадрдонии заҳмати омўзгорону устодон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола барои барқарор намудани саломатии ин табақаи ҷамъият 100 адад роҳхат ҷудо карда мешавад. Ба ҷуз ин, дар заминаи ҳидоятҳои бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри дастгирии омўзгорони фаъол чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар саросари кишвар, хосатан, дар сатҳи вилоят баргузор намудани озмунҳои “Олими сол”, “Омўзгори сол”, “Мураббияи сол” бо шукўҳ ҷараён гирифта, дастовардҳои олимону омўзгорон пайваста қадр карда мешаванд. Бар замми ин, омўзгоре, ки шогирдаш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст, бо маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз мегардад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд соли равон тасмим гирифт, ки 30 нафар омўзгоронро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба истироҳат ҷалб намояд. Умуман, дар вилояти Суғд аз ҳисоби маблағҳои 1,4 фоизаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ зиёда аз ҳаштсад нафар омўзгор аз макотиби шаҳру ноҳияҳои вилоят ба табобату солимгардонӣ ҷалб карда шудаанд.

Имконияти мусоид ва дастгириву ғамхориҳо моро муваззаф месозад, ки рисолати хешро иҷро намуда, чун намояндаи иттифоқи касаба дар ҷомеа масъулиятшинос бошем, то ин ки соҳаи маориф ва сатҳи дониши хонандагону донишҷўён ҷавобгўи меъёрҳои замона гардад.

Мўсобек МИРОВАТОВ,
раиси Кумитаи иттифоқи
касабаи кормандони маориф ва
 илми вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh