Дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

Санаи 29 сентябри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сафари корӣ ба деҳаи Чашмасори Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, дар маросими баистифодадиҳии бинои таълимии мактаби № 9 иштирок намуд.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат ва дорои 8 синфхона, хонаи омӯзгорон, утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва ошхона буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он хонандагони деҳаи Чашмасор низ имкон пайдо намуданд, ки дар бинои замонавӣ таҳсили худро идома диҳанд. Тибқи иттилои масъулин бинои нави таълимӣ барои 240 хонанда пешбинӣ гардида, бинои пешинаи мактаб барои таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоӣ мувофиқ гардонда шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ аз синфхонаҳои бинои нави таълимӣ боздид намуда, бо шароити таҳсили хонандагон аз наздик шинос гардид. Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Зафаробод аз дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз натиҷаи чунин таваҷҷуҳ аст, ки ҳамасола дар гӯшаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳҳо мактабҳои наву замонавӣ бунёд ва шароити таҳсил беҳтар мегардад.

Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят ба хонандагони мактаби мазкур туҳфаҳои роҳбарияти вилоятро аз қабили 6 адад компютер, 2 адад тахтаи электронӣ ва як қатор асбобҳои мусиқӣ тақдим дошта, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Зафаробод 25 мактаб фаъолият дошта, дар онҳо 14 ҳазору 685 нафар хонандагон ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh