Дар меҳмонии ректор

Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи  XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ҷадид таҳти унвони “Дар меҳмонии ректор” таҳия ва тасдиқ гардид.

Ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар донишгоҳ тибқи барномаи “Дар меҳмонии ректор” чорабиниҳо оғоз ёфтанд.

Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода Рустам зимни суханронӣ  иброз дошт, ки донишгоҳ яке аз аввалинҳо шуда, дар доираи ин лоиҳа чорабиниҳо баргузор менамояд.

Дар рафти чорабинӣ меҳмонон аз намоиши  дастовардҳои донишгоҳ ва ҳамзамон, осорхонаи донишгоҳ дидан карданд.

Н.ОХУНҶОНОВА,
мутахассиси шуъбаи таҳлил
ва робита бо ҷомеаи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh