Хуҷанд. Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» муайян шуд

Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» баргузор ва номи ғолиби озмун эълон гардид.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти омӯзгорони эҷодкору навовар, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи таҷрибаи педагогии омӯзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд.

Дар озмуни имсола 29 нафар омӯзгорони шаҳр ширкат варзиданд ва ҳашт нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд. Дар даври ниҳоӣ ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди иштирокчиён баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян намуданд. Мақоми аввал ва дипломи дараҷаи якум насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии мактаби хусусии Пулотов Адолат Ҳайдарова гардид. Ҷойи дуюмро Саноат Тиллохӯҷаева (МТМУ №20) ва Муқаддас Алиева (МТМУ№11) сазовор гаштанд. Маҳина Раҳимова (МТМУ№31) ва Фаридун Қосимов (МТМУ №2) сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Ба ғолибони даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» ва ҳамаи иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh