Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Санаи 14-ноябри соли равон бо иштироки кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва намояндагони макотиби таҳсилоти олии касбӣ, сарварони сохторҳои зертобеи соҳавӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Ирфон» муаррифии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва муаррифии барномаи мулоқот аз ҷониби муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С.Раҳматов кушода шуд. 

Баъдан аҳли толор сухани пазироии намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари бахши маорифи ИҶКБМ дар Тоҷикистон Н. Дастамбуев шуниданд.

Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Н. Оқилзода  муаррифӣ гардид. Номбурда иброз дошт, ки Кодекс қонуни ягона ва мураттабест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита, бавосита ва бонизом танзим мешавад. Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 фасл, 53 боб ва 272 модда иборат мебошад.

Пас аз муаррифии лоиҳаи Кодекс суҳбати озод доир  шуд, ки дар рафти он  таклифу пешниҳоди иштирокчиён ҷиҳати ворид намудани ба лоиҳа шунида шуд. Аз ҷумла, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов, директори Филиали ДТИБКСМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд М.Исматдинов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф А.Қурбонов, директори Планетарияи шаҳри Хуҷанд М.Қосимов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Р.Аҳмадова ва собиқадори соҳаи маориф А.Солиҷонов таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.  

Дар интиҳои муаррифӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид зарурати таҳияи Кодекси маорифи ҷумҳуриро таъкид намуд ва маорифчиёнро барои иштироки фаъолона дар муҳокимаи лоиҳаи он даъват ба амал овард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh