Шуғли муқаддасу саодати рўзгор

Аз суханони пурмеҳру муҳаббатшори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ҳамчун як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол ба ҳаяҷони болидарўҳӣ ва ифтихормандӣ расидам.

Пешвои миллат аз моҳияти таърихи доир шудани Иҷлосия, ҳадафҳо ва мароми депутатҳои Шўрои Олии даъвати дувоздаҳум, асоси раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз вартаи азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву маънавӣ, интихоби роҳи дурусти давлатдории миллӣ, умед бахшидани мардум ба фардои ободу осуда сухан гуфта, ба замири насли ҷавон бедор кардани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, тарбияи заҳматдўстиро талқин намуданд. Таъкид ва гуфторҳои Сарвари давлатамон барои омўзгорон, аҳли мактабу маориф роҳнамоии навбатӣ маҳсуб меёбанд.

Борҳо ва кайҳо собиту таъкид шудааст, ки ҳар кишваре танҳо дар заминаи арҷгузорӣ ба омўзгор ва мактабу маориф метавонад пешраву муваффақ бошад, ба комёбиҳо ноил гардад. Хушбахтона, дар кишвари азизу маҳбуби мо, ки соҳибистиқлол аст, рў ба рушду пешрафт дорад, омўзгор воломақому соҳибэҳтиром мебошад ва бархурдор аз бартариву имтиёзҳост.

Аҳли маориф имрўз миннатпазиранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш аз оғоз ба соҳаи маориф бартарӣ додаанду ин рукни бунёдиву тақдирсози миллатро имтиёзнок эълон кардаанд.

Худ собиқаи зиёди кори педагогӣ дорам, сатҳи таълиму тарбияро дар гузашта шоҳидам, бо имрўзиён пеши назар қиёс менамояму аз беҳбудиву бартариаш, пешравию комёбиҳояш меболам, ифтихорманд мешавам. Биноан, таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар – дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад, маро водор кард, ки аз таҷрибаи бисёрсолаам барои пешрафти фаъолияти омўзгорони ҷавон таклиф пешниҳод намоям.

Дар ин росто Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки Қонуни миллии давлати соҳибистиқлоламон муаррифӣ шудааст, асоси фаъолияти омўзгоронро бояд ташкил намояд. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе омўзгорон дар фаъолияташон ба ҳамкорӣ бо волидайни хонанда эҳсоси майл надоранд. Ин амал ба кори мактабу маориф таъсири манфӣ мерасонад. Бо ташаббуси омўзгорон бояд ҳар як хонанда реҷаи рўзонаи худро дошта бошад. Омўзгор муваффақ шавад, ки хонандагон қоидаҳои талабагиро ҳамаҷониба донанд ва бо ин рафтор намоянд, худидоракунии синфҳо ва талабагон дар амал бошад. Барои падару модарон дарсҳои кушод ташкил кардан ба мақсад мувофиқ аст. Дар таълимгоҳҳо фаъолияти босамари китобхонаҳои мактабиро ба роҳ монда, бедору афзун гардонидани шавқу рағбати адабиёт- дўстии хонандагонро маҳз омўзгорон бар уҳда бигиранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли маориф, омўзгорон пайваста даъват менамоянд, ки нисбат ба насли наврас дилсўз бошанд, шогирдонро, пеш аз ҳама, дар рўҳияи эҳтиром ба Ватан, ба таъриху анъанаҳои миллӣ тарбия намоянд, онҳоро бо донишҳои комил мусаллаҳ гардонида, ба бунёдкориву созандагӣ баҳри шукуфоии кишвари маҳбуб ҳидоятгар бошанд.

Раҳматулло ЁРОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh