Саъй агар комил бувад...

Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд, ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош меварзанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Марому мақсади ҷавонони имрӯзаи кишвар, ки яке аз онҳо омӯзгори ҷавону соҳибэҷоди Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон Наргиса Абдувалиева боиси пайравист. Наргиса хатмкардаи муассисаи таҳсилоти умумии №23-шаҳри Хуҷанд буда, соли 1992 ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дохил мешавад ва ин даргоҳи тиббиро соли 1995 бо дипломи аъло ба итмом мерасонад.

Ӯ аз хурдӣ орзу дошт, чун ворисони аҷдоду авлодӣ пайи касби омӯзгорӣ равад ва ба тарбияи насли наврас машғул шавад. Ин аст, ки Наргиса ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултаи табиатшиносӣ-география, ихтисоси биология сарбаландона дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ муаллимаи ҷавон фаъолияти омӯзгориро аз мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои кӯдакони ятим ва ниёзманд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон оғоз намуд ва аз рӯзҳои аввали омӯзгорӣ худро чун як мутахассиси эҷодкор, навҷӯ ва навгӯю навовар нишон дод.

Муаллимаи ҷавон ҳар як дарси худро бо истифода аз аёниятҳои васеи дастисохт, варақаҳои саволу ҷавоби тасвирӣ, тестҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, воситаҳои техникии таълим, аз қабили компютер, DVD ва тахтаи электронӣ хеле ҷолиб ва хотирмон мегузаронид. Дар баробари таълим Наргиса бо шогирдони хеш маҳфилҳои мухталиф, чорабиниҳои илмӣ, викторина ва мусобиқаҳои синфӣ ташкил менамуд. Онҳоро меомӯзониду шавқу ҳавасашонро ҳамаҷиҳата такмил медод. Бо ибтикор ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Бӯстон Муассисаи таълимӣ - давлатӣ барои хонандагони болаёқат - Мактаби Президентӣ ба фаъолият оғоз намуд. Наргисаи ҷавону боистеъдод тариқи озмун омӯзгори фанни биологияи ин макони маърифатӣ гардид.

Акнун дар роҳи пурпечутоби омӯзгорӣ ба муаллимаи ҷавон боз масъулияту маҳорату матонати касбии баланд ва донишу дастовардҳои зиёд лозим буд. Дар муҳити маърифатии нав усулҳои ҳозиразамонро ба кор бурд, бо шогирдон тез унс гирифт. Дӯсташон дошт, дасташонро сӯи илм гирифт.

Дастовардҳои муаллима дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва даставиву ҷумҳуриявӣ, Академияи хурди илмҳо сол ба сол зиёд мешуданду обрӯву эътибори омӯзгор зина ба зина боло мерафт. Шогирдони азизаш Шукрона Бурҳонова, Амир Толибов, Азиза Нурматова, Маниҷа Ёқубова, Рустамҷон Ҷӯраев, Сӯҳроб Дадоҷонов, Наргис Болтубоева, Сабрина Шарифова ва Нигина Ишонқулова, ки ғолибони озмунҳову Академияи хурди илмҳо буданд, номи устоди худ ва обрӯву эътибори Мактаби Президентиро сӯи қуллаҳои баланди илмӣ бурданд.

Шарҳу тафсири истилоҳҳои душворфаҳми ихтисосиро аз забонҳои дигар ба забони ноби тоҷикӣ мегардонаду ба дафтари махсуси “Луғатнома”-и шогирдон шарҳу эзоҳ медиҳад.

Наргиса Абдувалиева гуфтаҳои Сарвари давлат “Вазифа ва қарзи ҳар як соҳибватани бонангу номус аст, ки Ватанашро на дар сухан, балки дар амал дӯст дорад, ҳастии худро бо ҳастии ин марзу буми муқаддас пайванд шуморад ва ба хотири пешрафти он ҳамеша ҷаҳду талош намояд”-ро сармашқи кори хеш медонад. Мэлс НУРОВ,

омӯзгори Мактаби Президентӣ
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh