ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН»

 

 

 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии ҷавонон барои фаъолияти зеҳнӣ ва дарёфт намудани соҳибистеъдодҳои нав бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин барномасоз» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд доир гардид.

Дар озмун 20 нафар омӯзгорони ҷавон, магистрантони соҳибзавқ, навовар ва соҳибҳунар, ки қобилияти ихтироъкорӣ ва сохтани барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаро доранд, ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Олим Зоҳидзода сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони онҳо тасаввур намудан душвор аст. Бешубҳа, афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама, он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Ҳадафи баргузории чорабинӣ маҳз ҳавсмандии ҷавонони фаъол  ва  равона намудани ин нерӯ бар нафъи ҷомеа мебошад.

Сипас иштирокчиёни озмун лоиҳаҳои худро пешниҳоди ҳакамон, ки иборат аз устодони варзидаи макотиби олии вилоят буданд, муаррифӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи лоиҳаҳо мавриди таваҷҷуҳи аҳли иштирокдорон гардида, аз ҷониби аҳли ҳакамон баҳои баланд гирифтанд. Бояд гуфт, ки шарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро  9 нафар омӯзгори ҷавон, донишҷӯёни фаъол дар ин озмуни бонуфуз ҳимоя намуданд. Дар натиҷа Абдунабӣ Қосимов, омӯзгори ҷавони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо лоиҳаи худ «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум» сазовори ҷойи аввал гардида, барандаи озмуни «Барномасози беҳтарин» гардид. Ҷои дуюмро  Н.Аъзамов, - магистранти соли 2 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва  ҷои сеюмро А.Кушнерюк магистранти курси 1 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ишғол намуданд. Ҳамчунин магистранти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Назирҷон Муллоҷонов соҳиби Ифтихорнома гардид. Ба  ғолибону ҷоизадрони озмун тӯҳфа ва Ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла Абдунабӣ Қосимов соҳиби мукофоти аз ҳама баланд – «Нотбук» гардид.

 Абдусабур Абдуваҳҳобов

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh