Мулоқот бо донишӣўён

Ҳамасола чун анъана барои шиносоӣ бо буду бош, мушкилот, таъминот бо хобгоҳ, фарогирӣ бо таҳсил, шароит ва ҳаёти донишҷўёни макотиби олии вилоят вохўрӣ бо раисони шаҳру навоҳӣ баргузор мегардад. Дирўз дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохўрии донишҷўён бо раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид.

Раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода доир ба дастовардҳои ҷавонони донишҷўи ноҳия ҳарф зада, таъкид кард, ки онҳо ояндасози миллатанд ва барои пешрафти ҷомеа бояд саҳми шоиста гузоранд.

Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода қайд кард, ки донишҷўён – ҷавонони имрўза хуштолеъ ҳастанд, зеро дар замони Истиқлолият ва орому осудагии кишвар таҳсили илм доранду ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

-Имрўз дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ норасоии кадрҳо ташвишовар аст, барои муассисаҳои таҳсилотӣ омўзгорон намерасанд ва дар ин ҷода мо ба шумо - донишҷўён умед дорем,- изҳор дошт раиси ноҳия.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят 622 нафар ҷавонони ноҳияи Айнӣ ва 230 нафар толибилмони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар аст.

Дар фарҷом барои донишҷўёни фаъол кўмаки яквақтаи раисони ноҳияҳо супурда шуд.

Шаҳбону Олимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh