Мулоқот бо донишҷӯён

Дар Кохи ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси шаҳри Исфара бо донишҷўёни, ин манотиқ, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил доранд, баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара дар самти фароҳам овардани шароитҳои создор ба таҳсили ҷавонон, зарурати азхудсозии илму фанҳои замона ва касбу кори дар бозори меҳнат ҷавобгў, дустдории Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонии он, бурду бохт ва мушкилиҳои ҷойдошта ибрози назар намуд.

Чанде аз донишҷўён бобати бо кор таъмин шудан дар муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ташкил кардани хатсайри нав ба маркази вилоят, созмон додани маҳфили адибони ҷавон барои донишҷўёни эҷодкор фикру андешаҳояшонро иброз дошта, ба саволу дархости худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ба 90 нафар донишҷўи фаъол ва ятиму аз оилаҳои камбизоат аз ҷониби раиси шаҳр кўмаки яквақтаи пулӣ ва маводи озуқа расонида шуд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh