Ба илми муосир бо нигоҳи гарм

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов дар Кохи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд вохўрии раисони ноҳияҳо бо донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва касбии вилоят баргузор гардид.

Дар вохўрӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода доир ба дастовардҳои ҷавонони ноҳия ҳарф зада, қайд кард, ки айни замон аз ноҳия 1200 нафар дар донишгоҳу донишкадаҳои таҳсилоти олии вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Салимзода Комил – раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов изҳор намуд, ки донишҷўёни ноҳия масъулияти омўзишро хуб дарк кардаанд ва бомуваффақият таҳсил менамоянд.

Муҳассилин иброз доштанд, ки аз дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат сипосгузоранд ва барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Бо мақсади дастгирӣ ва рўҳбаланд намудани донишҷўён аз оилаҳои камбизоат ва ятими ин ноҳияҳо дар ҳаҷми 100 сомонӣ кўмаки яквақта расонида шуд.

Дар охир барои боз ҳам хотирмон гардидани вохўрӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳамагон гардонида шуд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh