Бозтоби маърифат

Дар мулоқоте, ки раиси ноҳияи Деваштич Ҷўразода Рустам Боймурод бо донишҷўёни муассисаҳои мактабҳои олӣ, донишкадаву коллеҷҳо дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят барпо намуд, беш аз 1400 донишҷў иштирок доштанд.

Ҷўразода Рустам ҳангоми суханронӣ изҳор дошт, ки иқдом ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кулли донишҷўёнро водор месозад, ки бо истифода аз шароити созгори таҳсил дар талаби илм бошанд, илму фанҳои муосири замонаро азхуд кунанд, Ватани худро дўст доранду барои ободиаш кўшиш намоянд.

Баъдан донишҷўён бо суолу мушкилоти худ бобати бо ҷои кори доимӣ таъмин шудан баъди хатми донишгоҳ, ҳолати ногувори беморхона ва марказҳои саломатии деҳаҳо, бунёди мактабҳои нав, норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ба кор даъват кардани мутахассисони забонҳои англисию русӣ ва ғайраҳо ба раиси ноҳия муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҷўразода Рустам Боймурод ҳамчунин бо донишҷўён дар бораи бо оби нўшокӣ таъмин гардидани аҳолӣ, муаммои хатти оби нўшокии Даҳкатсой, таъсиси хоҷагии «Обдеҳот», сохтмони мактабҳои нав ибрози ақида намуд.

Донишҷўёни фаъол ва ятиму аз оилаҳои камбизоат бо Ифтихорнома, кўмаки яквақтаи пулӣ қадрдонӣ гардиданд, ки боиси хушнудии онҳо гашт. Иқдоми неки намояндагони 56 деҳаи ноҳияи Деваштич бобати бо маводи озуқа таъмин кардани донишҷўён ва баргузории чорабинии фарҳангӣ хурсандии аҳли толорро дучанд кард.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh