Роҳи мақсуд роҳи илм аст!

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен мулоқоти анъанавии роҳбарони муасиссаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони ноҳия баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Муҳаммедов таъкид дошт, ки сол то сол сафи донишҷӯён аз ноҳияи Спитамен дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсилдошта зиёд мегардад. Агар соли таҳсили 2015-2016 ба мактабҳои олии вилоят 376 нафар хатмкунанда дохил шуда бошанд, пас имсол ин рақам ба 776 нафар мерасад.

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ аз интихоби васеи ихтисосҳо, имкониятҳои фарох додан ба донишҷӯёни соҳибистеъдод, ташкили маҳфилҳо сухан ронда, таъкид дошт, ки шароити хуби таълимӣ имкон медиҳад, то сатҳи таълиму тарбия боло равад.

ҳамчунин Муъмин Шарифзода, ректори ДДҳБСТ Мухтор Фозилзода, ректори ДКМТ, директори ДИСДТТ Абдурауф Олимӣ, Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ ва Илҳом Комилов сарвари коллеҷи тиббӣ, директори коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода ва муовини директори коллеҷи санъат М.ҳошимова низ аз афзалиятҳои муассисаи худ назди ҳозирин ҳарф заданд.

Дар рафти муаррифии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба хатмкунандагон маводи ёрирасони иттилоотӣ аз қабили варақаҳо, брошураҳо, нашрияҳо тақсим шуда, ҳамзамон аз ҳаёти муассисаҳо видеороликҳо намоиш дода шуд.

Сипас, хатмкунандагон доир ба вазъи таҳсил, имкониятҳои донишгоҳҳо, ҳамкориҳои хориҷӣ ва дигар муаммову мушкилоти хеш ба роҳбарони муассисҳои олии вилоят саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ,
котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh