Мулоқот бо ғолибон

Дар ноҳияи Деваштич, бахшида ба Соли ҷавонон ва ба хотири тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандўзиву сайқал додани малакаи илмиву эҷодӣ, бо толибилмони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия мулоқот баргузор гардид.

Устодону муҳассилини литсейи хонандагони болаёқат суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои муассисаи худ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол қабл барои идомаи таҳсили наврасону ҷавонони болаёқати вилояти Суғд бунёд гардида буд, маълумот доданд. ҳамчунин доир ба иштирок ва ғолибияти тарбиятгирандагони муассиса дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои ИМА, Малайзия, Фаронса, Руминия, Қазоқистон, Тайван ва ғайраҳо баргузор гардида буданд, ба аҳли толор маълумот доданд.

Сипас, намояндагон – ғолибони бевоситаи олимпиадаҳои байналмилалӣ: Шаҳром Имомзода ва Абдулло Хайруллоев ба сухан баромада, роҷеъ ба аҳамият ва нақши олимпиадаҳои байналмилалӣ дар васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон, афзун гардидани шавқу ҳавас дар омўзиши илмҳои дақиқ, дўстию рафоқати намояндагони халқҳои ҷаҳон ҳарф заданд.

Дар соли хониши 2016-2017 аз иштирокчиёни умумии олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҳудуди вилояти Суғд 65 нафар толибилм аз фанҳои математика, химия, физика ва дигар илмҳои дақиқ соҳиби медалҳои тилло ва нуқраю биринҷӣ гардидаанд.

Хонандагон дар рафти мулоқот доир ба шарту усулҳо, ҷараён ва дигар саволҳо посухҳои зарурӣ гирифтанд.

Муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода қайд кард, ки бо ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат эътибор ба донишандўзиву илмомўзии насли наврас беш аз пеш афзун гардида, имрўзҳо тамоми имкониятҳо барои ҳавасманд намудани соҳибмаърифату соҳибдонишон муҳайё гардидааст.

Сарвар САИДОВ,
роҳбари намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh