Орзуҳо амалӣ мегарданд. агар…

Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандаи ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят доир гардид.

Чорабиниро раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз бахшида, қайд кард, ки соли равон 2285 нафар хонанда муассисаҳои таълими ноҳияро хатм менамоянд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия далолат бар он медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия боло равад.

Дар суханронии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД- и вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов  таъкид гардид, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар сол то сол эътибор ба ҷавонон бештар гардида истодааст.

Сипас, намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар  Мухторзода Фозил, ректори Донишгоҳи кӯҳи металлургии Тоҷикистон, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Сабуров, сардори Раёсати таълимии ДДХ, Аминҷон Амонов, раиси иттифоқи касабаи ДДҲБСТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директор оид ба таълими ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Санам Аминҷонова муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ролику слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз Раббизода таъкид шуд, ки дар донишкада 169 нафар донишҷӯи Ашт таҳсил доранд, ки аз ин шумор 29 нафарашон духтар мебошанд. Барои тақвияти дониш ва сифатнок доир шудани машғулиятҳо дар донишкада 23 лаборатория, 1360 комютер мавҷуд аст.

Хатмкунандагони ноҳия вобаста ба ҷоришавии эссе дар Маркази миллии тестӣ, имконияти дохилшавӣ тариқи квота, шароити хобгоҳҳо, имтиёзҳо ба хатмкунандагони эҷодкору навовар суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони ҳунарманди ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh