Шароити созгор – омили пешравӣ

Дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2017, бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ, собиқадорону машъалони соҳаи маориф доир гардида, дар рафти он бисёр масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳисоботи муфассали Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли гузашта ва вазифаҳо барои соли равон аз ҷониби  сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ироа гардид. Мавсуф роҷеъ ба бурду бохти маорифчиёни вилоят маълумот дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастурҳо дод.

Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои мавриди гуфтугe қароргирифта ва вазифаҳои минбаъдаи маорифчиёни вилоят баён дошт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh